МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Шарти муҳими дигари ноил гаштан ба чунин пешрафте дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ доштани рӯҳияи неруманд, худбоварии пойдор ва донишу огоҳии комил аст.
Ва ҳамаи ин омодагиҳо ва сифатҳои лозимро ба манзури баргузоркунии таҳаввулоти бузург барои эҷоди Тоҷикистони ормонӣ мешавад бо пайравӣ аз мактаби сиёсии Пешвои миллат ба даст овард. Зеро омўзаҳои ин мактаб ҳосили таҷрибаи фаровони сиёсатмадорест, ки ба баракати нубуғи беназир ва истеъдоди сиёсии саршораш имрўз дар дар ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин таълимоти роҳбари бузурги сиёсиест, ки дар буғранҷтарину печидатарин шароити сиёсию иҷтимоӣ ваҳдати ҳамагонии мардуми кишвар ва пайванди устувори давлат ва миллатро ба вуҷуд овардааст.
Ин раҳнамудҳои Пешвои эътирофгардидаи миллӣ, мураббӣ, устод ва дўсти хайрхоҳи ҳар як аз тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки роҳи расидан ба саодату беҳрўзию рифоҳи инсониро нишон медиҳад. Ин мактаб роҳкушои ҳамаи мушкилот ва марҳами шифобахшест, ки метавонад тамоми бемориҳои ҷомеаро дармон кунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрўз яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсии ҷаҳон аст.
Ному шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, ба-вижа барои тоҷикон – мардуми Тоҷикис-тон ва ҳаммилатонамон дар тамоми ҷаҳон,– маҳбубу азиз мебошанд. Пешвои милëàò марди содиқ ба таърихи пуршукӯҳи давлатдории тоҷикон, эҳёгари анъанаю суннатҳои асили аҷдодӣ ва арзишҳои волою зиндагисози миллӣ аст. Пешвои миллат шахсияти варзидаи сиёсиест, ки бо омўзиши амиқу дақиқ ва корбасти мероси фарҳанги қадимтарини давлатдориҳои ниёгон, таърихи бою рангин, ганҷинаи гаронмояи илмию адабӣ ва маънавию ахлоқии дар тўли ҳазорсолаҳо андўхтаи аҷдоди шарофатманди халқамон бинои тарбияи наслҳои имрўзу ояндаи кишварро поягузорӣ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё