Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Мо бохабаред. Махсусан худат. Пас кошкӣ...
-
Рост, ман аз ту қариб даҳ сол калонам. Барои ҳамин, хешу табори шавҳарат баҳона, бар замми он ки - албатта, дар хотир дорӣ, - ду-се бор мулоим фаҳмонда будам, боз таъкид карданиам: ба соҳиби сарат, ба фарзандонат, ба ҳама пайвандон... умуман ба хурду калон меҳрубон бош. Аз ту чӣ меравад? - танҳо рӯи хушу пиндори нек... Аслан дили одами меҳрубон ҳамеша кушод аст, нарм аст. Чунки реша ба реша аз шодӣ об мехӯрад. Аз шодии дӯст, хешу табор, ҳамсоя, ҳамнишин... Ниҳоят, аз хотири ҷамъи худаш.
-
Ман таҳтан ба касе кор надорам. Ташвиши хонаву дарам, тарбияи ана он фарзандонам басу барзиёд.
-
Дар зиндагӣ ҳама ташвиш мекашанд. Лекин кордор будан, чӣ гӯям... бисёр лозим баъзан. Беҳуда наовардаанд: одам ба одам зинда аст. Як ҷаҳон маъно дорад ин гап.
-
Эҳа-а-а, аз он ки ба хешу табори Икром зинда бошӣ, зинда набудан беҳтар.
-
Яъне? - ҳайрон мешавад Шаҳзода.
-
Яънеаш - ҳайвонанд онҳо. Аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштаанд. Чунон нодидаанд, ки омадан замон дастархон бошад, кифоя - дар як мижа задан холӣ мекунанд. Ҳатто ҳамин мавизи пучакро каф-каф ба думчааш мехӯранд... Сару танашон доимо чиркин, чашм гурусна, ришҳо расидагӣ, пойафзор ҷӯлида ба хоку лой... То ҳол бӯи бадашон аз хона намеравад.
-
Росташро гӯй, - ширин ва дар айни замон ба оҳанги таассуф механдад Шаҳзода, - чӣ шуд? Кадом пишак гузашт аз байни шумо?
-
На пишак гузаштааст, на кучуқ, - механ-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё