Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Аввал... Раият сидқан дуои нек мекунад Бароталӣ Олимовро. Зеро тартиб, интизом, ҳаёти хуши имрӯз ва эътимод ба фардои нек халқро рӯҳбаланд месозад. Инчунин маҳз ҳамин халқ ба ду чашми сар мебинад, ба ақлаш санҷида мефаҳмад, ки хубиҳои рӯзгори ӯ дар бисёр мавридҳо вобаста аз фаъолияти оқилонаи акаи Бароталӣ... Хулоса, се-чор сол инҷониб мо, деҳнавиён, осудем аз ҳоким!
...Аҷаб якдилӣ. Аслан онҳо, панҷ нафар инсони дар ноҳия баэътибор, дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд. Синну солашон ҳам гуногун; назарашон ба зиндагӣ, умуман ба ҳодисоти ҳаёт...
низ аз якдигар фарқ дорад. Пас онҳо ба ҳар зуҳуроти иҷтимоӣ, ба ҳар рафтору кирдори одамон аз мақоми фаросат ва ҷаҳонбинии худ баҳо медиҳанд.
Аммо таваҷҷӯҳ фармоед, ки эшон чӣ тавр бевосита ё бавосита — дар табиати Бароталӣ Олимов тавъам ба кордониву сахтгирӣ асосан як хислати барои роҳбар бисёр муҳимро махсус қайд мекарданд. Ин ҳам донишмандӣ, маданияти баланд ва муҳаббати ӯ ба фарҳанг ва таърихи халқаш буд. Ин дар муомила ба мардум дилсӯзиву назокат, ҳамзамон покизагии маънавӣ чӣ дар ботин ва чӣ дар зоҳири ӯ буд. На ҳар сарвар метавонад сазовори чунин баҳои холисона, чунин эҳтироми яклухт гардад.
Инак хоҳ-нохоҳ суоле ба миён меояд.
Чаро кулли ҷомиаи Деҳнав, умуман аксар сокинони водии Сурхон, хуб мешиносанд Бароталӣ Олимовро, аз кадом боис ҳурмат мекунанд ӯро? Сабаб чист, ки на танҳо эҳтиром мегузоранд ба вай, инчунин дӯст ҳам медоранд?
Гумон мебарам, тавассути қиссаи мо хонанда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё