Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба идеология буд, яъне сохтори маорифи халқро низ парасторӣ мекард. Ба ҳар ҳол, чӣ тавре гуфтам, акаи Бароталӣ аз кору бори мо пурра огоҳӣ дорад. Вай таълиму тарбияро дар равнақи илм, фарҳанг, ҳатто сиёсат рукни асосӣ меҳисобад. Медонад, ки агар имрӯза кӯдакон дуруст савод наомӯзанд, аввало ба минбаъди миллат, ба фардои мамлакат зарар мерасад; балки хатарнок аст бесавод ё ҷаласавод будан. Бинобар ин ӯ аз номаш муаллим ҳеҷ кӯмакро дареғ намедорад. Боз... акаи Бароталӣ на фақат соҳаи маорифро дастгирӣ мекунад, ҳамчунин барои ривоҷи маданият дар миқёси ноҳия, ҳатто вилоят низ ҷон мекоҳонад. Ҳоло расм шудааст дар Деҳнави мо ҳар хел мусобиқаҳо гузарондан, намоишнома ё консерти гуна-гуна дастаҳои ҳунариро барпо намудан, шеърхониву маҳфили суолу ҷавобҳо ташкил кардан, доир ба таърихи ватанамон мубоҳисаҳои касбӣ оростан... Ин ҳама, албатта, ба асли дониш, ҷаҳонбинӣ ва сатҳи маданияти мардум, махсусан ҷавонон бетаъсир намемонад. Дигар... агарчи ҷумҳурият дар роҳи тараққиёти иқтисодӣ ҳанӯз баъзе душвориҳо дорад, зиндагии мо, муаллимон, ё худ кормандони таълими то давраи мактаб, чандон бад нест. Сари вақт ҳаққи заҳмат мегирем. Деҳнав дар ин масъала метавонад ба хеле ноҳияҳои дигар намуна бошад. Чунки вай ҳам ходимони тиб, ҳам соҳаи маориф ва маданият, ҳам кулли идораҳои вобаста аз буҷетро худаш таъмин мекунад. Мардум мукофотпулӣ мегиранд; мавридаш ояд, аз кӯмаки башардӯстона низ баҳра мебаранд. Дар хусуси одамони нафақахӯр, иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат умуман гап нест. Ҳаққи онҳо ҳамеша муҳайё, дар мадди

пешина
аз 87
навбатӣ