Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Бонд ҳамин хел бошад. Алалхусус дар Деҳнав
барин ноҳия, ки аҳолиаш аз дусад ҳазор мегузарад, масъалаҳои ҳалталабаш низ зиёданд... Ин
аст фикри ман дар бораи Бароталӣ Олимович чун
як нафар зан, як нафар узви ҷамъияти ҳамин
Деҳнав. Аз равзани корманди соҳаи тиб, сардухтури калонтарин беморхонаи ноҳия, ки бо
тақозои вазифаи худ аз барои тандурустии тамоми аҳолии Деҳнав ҷавобгарам, низ андешаҳо
дорам. Ва ин андешаҳои ман қабл аз ҳама вобаста ба вазъи ҳифзи сиҳати мардум дар миқёси
ноҳияанд. Медонед, агар шахси аввал, яъне
ҳоким, таклиф, ё ташаббуси хуби роҳбари ин ё
он хоҷагӣ, ташкилот, ё худ муассисаеро дуруст
дарк намуда, сари вақт дастгирӣ накунад, муҳол аст пеш рафтани кор. Ба кӣ зарар мерасад
аз чунин нофаҳмӣ? Албатта, ба халқ, ба мамлакат. Инсони бемор наметавонад пурмаҳсул фаъолият дошта бошад. Ҳамин ҳақиқати бебаҳсро
ҳокими мо Олимов нағз медонад. Ва дар роҳи
тавсиаи хизмати дилхоҳи тиббӣ дар ноҳия ҳар
як фикри тоза, ҳар як ташаббуси судмандро бе
чуну чаро, ҳатто ба хушнудӣ қабул медорад;
амалан ёрӣ ҳам мерасонад... Мо имсол ҳафтодсолагии беморхонаамонро ҷашн мегирам. Барои
айни муддао гузаштани он аз таҳти дил тайёрӣ
дидан лозим. Мутобиқи ниятамон, ана – китоби собиқ сардухтури ҳамин беморхона аз чоп
баромад, ки ҳафтодсола таърихи инкишофи
ҷанбаи тандурустиро дар ноҳияи Деҳнав ба
таҳқиқ гирифтааст. Ҳоло боз як китоби дигарро ба чоп ҳозир карданием. Худатон медонед –
имрӯз ба табъ расондани ҳар иншо маблағи калон мехоҳад. Воқеан, дар ин иқдоми хайр ҳам
Бароталӣ Олимович ба мо роҳу равиш нишон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё