Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қонунро эҳтиром мекунам. Дигар... чӣ хел кор мебарам, — ин вобаста аз виҷдон ва имони ман. Яъне дар шароити иқтисоди бозор танҳо худамро медонам. Вале ҳаргиз забонам намегардад ба чунин гуфтор. Барои он ки ман ҳам як нафар фарзанди ин диёрам. Пас бояд ба ҳар бурду бохти Деҳнав шарик бошам. Охир, мардуми мо аввало дар натиҷаи такопӯ ва шабзиндадориҳои акаи Бароталӣ, ҳокими бисёр دلسӯзи [дилсӯзи] ноҳия, — бигузор тадриҷан, аммо бемайлон ба рӯзҳои хуш мерасанд. Осон нест дар Деҳнав барин марзу бум бошарафона фаъолият кардан, зиёда аз ин — сарвар будан. Хулоса, ман аз Олимов пайваста дарси адаб ва одамгарӣ меомӯзам. Ва кӯшиш мекунам, ки касе аз ман эрод нагирад, аз хизматам норозӣ нашавад. Дар ин роҳ акаи Бароталӣ бо маслиҳатҳои бамаънии худ, бешак, чароғи раҳнамунро мемонад. Пас чунин шахсиятро чӣ тавр эҳтиром накунам?

  • Ман ба сифати як корманди соҳаи тандурустӣ, дар айни замон зан, модар... ҳар боре ки Бароталӣ Олимовичро мебинам, бағоят хурсанд мешавам, — бо малоҳат табассум мекунад сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Фарида Анварӣ. — Зеро вай, аввало, ҳам дар либос, ҳам дар суханронӣ, ҳам дар одоби муошират мардест, ки қариб нуқсон надорад. Яъне чӣ зоҳиран ва чӣ ботинан зебост. Ин гуна одамон дар зиндагӣ кам дучор меоянд. Сониян, бе ҳеҷ қилу қол, вай дар мансаби худ арзанда аст. Ташкилотчӣ, бамаърифат, донишманд, инсондӯст. Бар замми ин нуктадон, равоншинос — сиёҳро аз сафед зуд фарқ мекунад. Ва ҳатто дар душвортарин мавридҳо қилро аз хамир берун оварда, то метавонад, ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Ҳоким
пешина
аз 87
навбатӣ