Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Ҳиссаҳо шунидаам. Рашидов ба як ҳисоб шогирди устод Айнӣ ҳам буд. Бо вуҷуди ин кӣ намешиносад ӯро? Ё ҳеҷ набошад, кӣ нашунидааст ному насабашро?
— Воқеан, рост мегӯӣ, — ба фикри ман розӣ шуд вай. — Шахсияти Шароф-ақаро на фақат дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ хурду калон медонистанд.
— Мақолаи худатро ҳам хондам...
— Аз куҷо ёфтӣ? — боз ба ҳайрат омад Бароталӣ. — Ман дар умрам фақат як мақола навиштаам.
— Ҳамон яктаро хондам. Офарин, ғайрат кардай, — гуфтам аз сидқи дил.
— Вақте ки баъд аз маргаш номи чунин шахси бузургро ба бозӣ андохта, аз саҳифаи таърих помардона хат заданӣ мешаванд, кас агар баномус аст, оё тоб овардан мумкин?
— Албатта, не! Лекин бисёриҳо тоб овардаанд. Ҳатто онҳое ки мансабҳои ниҳоят баланд доранд, дасташон хеле дароз, буруташонро табар намебурад...
— Дар дунё ҳар хел соҳибмансаб ҳаст. Яке бо вуҷуди қудрати худ пинакашро вайрон кардан намехоҳад. Дуюмӣ хоҳад ҳам, гапаш намегузарад. Сеюмӣ ноилоҷ аст, чунки ба ҳар гуна сабаб дасту пояш дар қайду банд... Инро ба ҳисоб гирифтан лозим.
— Ба ҳар ҳол, ман хурсандам, ки ту ба махлуқони номашон демократ, вале аъмолашон берун аз инсоф ҷавоби сазовор додай.
— Ташаккур, — гуфт хоксорона Бароталӣ. —
Равонаш шод бод, ходими барҷастаи давлатӣ ва
нависандаи забардаст Шароф Рашидов бо вуҷуди монеаҳо аз ҷониби Маскав, ки девори оҳанин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё