Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Нест, — ободонии қабристон ҳанӯз идома дорад.

Нурмуҳаммад маро аз ду роҳаки зина ба зинаи бетонӣ, ки аз қариби чанорон ибтидо мегиранд, ба яке ҳидоят мекунад. Ва мо ҳар се пасопеш торафт баландтар мебароем. Аз миёни қабрҳои зиёде мегузарем, ки аксар лавҳи ёдгорӣ, ё худ сағона доранд. Гӯристон бисёр васеъ, — аз катибаи сангҳои баъзе мазор дарк мекунед, ки инчунин хеле қадим аст.

— Камаш, ҳафтод-ҳаштод гектар меояд, — гӯё аз хаёли ман пай бурда, мегӯяд Нурмуҳаммад.

Боз қадре гашта, мо ба оромгоҳи Хоҷа Алоуддини Аттор мерасем. Дар он ҷо барои зикру дуо ва намоз гузоштани зиёратгарон аз хонаи алоҳида сар карда, то обу гилем... ҳама муҳайё. Панҷаратирезаҳои аз саنگی хоро сохта шуда, то алҳол боқӣ мондааш гувоҳӣ медиҳанд, ки мақбара дар вақташ хеле мустаҳкам будааст. Вале тобиши офтоб, боду борон ва бадали садсолаҳо оё мегузоранд на фақат мақбарае монанди он, балки қасрҳои мармарин низ пойбарҷо истанд?.. Бале, қудрати бузург дорад гузашти айём. Як тарафро обод кунад, ба тарафи дигар ҳатман харобӣ меорад.

Дар чандин даҳсолаи охир, яқинан дар тӯли асри бист... ягон маротиба таъмир надида, қариб аз ҳам рехта будааст марқади ин алломаи дар олами ислом мувофиқи дараҷа ва илму амали худ то имрӯз маъруф. Дар ҷои аз ҳама баланди қабристон воқеъ аст хоки бузургвор, ки ҳоло, пас аз таъмири ҷиддӣ, ба як макони на танҳо чун зиёратгоҳ беминнат, ҳатто ба дидани гунагуна сайёҳон муносиб табдил ёфта, аз дур ба назар мерасад.

Ман ба девори маҳкам аз хишти пухта, роҳ-

пешина
аз 87
навбатӣ