Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Ба туфайли меҳнатдӯстиву ҳақиқатпарастӣ, ба шарофати поквичдонӣ, баимонӣ ва фуқаропарварӣ дар Бойсун ва атрофу акнофи он шӯҳрат ёфта, мардум ӯро иззату эҳтиром мекарданд, ба вай эътимод доштанд. Дар навбати худ Олим-паҳлавон аз каму кости рӯзгори халқ пурра бохабар буд, — гӯё ҳамеша ба набзи ҳаёти райят гӯш медод. Душвор аст одамонро ба роҳи ношинос ҳидоят намудан. Аз ин рӯ дар маъракаи муҳоҷиркунӣ шахсеро пеш андохтан лозим меомад, ки гапаш ба мардум гузарад, аҳамияти заминҳои нав ва фоидаи пахтакориро фаҳмонда тавонад, то ки онҳо бе хархаша ба кӯч бастан розӣ шаванд. Зиёда аз ин, бо дили пур ба роҳ дароянд...
Чунин шахс, албатта, Олим-паҳлавон буд. Вай он маъракаро сарбаландона ба сомон расонда, дар дашти Шеробод аввал дар ташкили колхозҳо, пасон, баъде ки колхозҳо муттаҳид гардида, ба совхозҳо табдил ёфтанд, дар равнақи хоҷагии Тозаобод, чӣ тавре мусулмонӣ фармудааст, бе ягон миннат заҳмат кашид.
Раҳматӣ падари банда, ки низ дар он заминкушой ширкат дошт ва ҳеҷ гоҳ аз Олим-паҳлавон риштаи дӯстиро наканда буд, дар айёми навҷавонии ман рафту дар бораи ӯ сухане ба миён ояд, бо эътимод мегуфт: ҷони одам аст Олим-паҳлавон, дунёдида, ба фарзанди инсон меҳрубон, дар рафоқат бовафо... ҳамзамон сахтгир. Алалхусус гап агар аз дари одобу ахлоқ бошад, ба сари имону инсоф ояд...
Вай шояд ба сабаби ҳамин сахтгирӣ писарашро аз фаъолият дар совхози ҳамсоя баргардонда, дар пеши худам агрономи оддӣ шуда кор мекунӣ, гуфт. Ва ин талаб беҳуда набуд, асоси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё