Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мехонд, илм меомӯхт.

Дигар ин ки, ҳамон солҳо дар Самарқанд, қариб дар тамоми донишгоҳҳо, аз ҷумла дар донишгоҳи кишоварзӣ, бисёр олимони маъруф дарс мегуфтанд, ки аксарият аз Русия — аз Маскав, Ленинград ва ғайра шаҳрҳо омада буданд. Дар айёми ҷанг аз барои таъмини бехатарии ҳаёташон ба он ҷо кӯчонда шуда, пас аз Ғалаба хеле аз эшон дигар ба зодгоҳи худ барнагашта, муқими доимии Самарқанд гардиданд. Дар ривоҷи илм ва маданияти ин шаҳри бостонӣ, дар таълим ва тарбияи мутахассисон барои ҷумҳурият саҳми арзанда доштанд онҳо.

Умуман ба Бароталӣ ва ҳамсабақони вай ғолибан устодони дар фанни худ бақувват, дар айни замон сахтгиру меҳрубон дарс мегуфтанд. Аз барои шогирдонашон хурсанд мешуданд онҳо, аз бебарориашон ғам мехӯрданд. Бароталӣ ҳам дар аснои бевосита таълим гирифтан ва ҳам дар айёми таҷрибаомӯзӣ пайваста мекӯшид, ки онҳоро шод гардонад, худаш низ дар ҳиҷолат намонад.

Вай дар Самарқанд на фақат ба дипломи агрономӣ соҳиб шуд, балки ҳатталимкон таърихи диёрашро омӯхт, то метавонист, аз адабиёти ҷаҳон огоҳӣ ёфт. Ҳамзамон барои якумр дарк намуд — кас дар замини рӯзирасон, ё худ дар заводу фабрика ҳар қадар меҳнат кунад, дар радифи он агар илму маърифат ва адабиёту санъат баривоҷ набошанд, халқ оламбину мулк обод намегардад. Ҳаёт вақте ширин ва бамаънӣ мешавад, ки иқтисоду маданият даст ба даст қадам монда, яке дигареро ба ҳимоя гирад.

Бароталӣ танҳо бо ин нуктаро фаҳмидан ик-

пешина
аз 87
навбатӣ