Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале чӣ илоҷ, ки ҳаёт пасту баланди зиёд дорад. Ва аҷибаш, вай бо ҳамин шебу фарозҳои худ низ ширин аст.

Ҳаво дар ин ҷо муддати як ҳафта нарм ва офтобӣ буд. Боғи бавусъати атроф комилан сарсабз, моломол аз насими атрбези баҳорон ва бисёр дилнишин... Гӯё мехост на фақат ба зиндаҳо фараҳ бахшад, балки дар қолаби мурдаҳо низ ҷон ато кунад. Аммо ду рӯз муқаддам шабонгаҳ тӯфони сахт бархеста, шохборони шадид рехт. Ба дараҷае ки шохи чандин дарахти мевадорро шикаст. Ҳоло ҳам борон меборад, — лекин бешӯру шар, риштаришта, гарму нарм.
Васки як табақаи тиреза кушода аст, аз берун, аз ошхонаи дараш яқин боз, гоҳ-гоҳ садои ба дег бархӯрдани кафгир, ҳамчунин овози дӯсти айёми донишҷӯии банда Нурмуҳаммад Юсуфӣ меояд, — баъзан вай ба посбони ин даргоҳ, ки одатан вақти таомпазӣ ба таки дег алав мемонад, чанд сухан радду бадал мекунад. Дигар дар сукут аст бӯстонсаро. Фақат аз шоҳроҳи дур садои пахшхӯрдаи мошинҳои дар рафтуо ва аз шохи дарахтон, бо вуҷуди он ки донадона борон мерезад, бафосила бошад ҳам, чаҳчаҳи мурғони хушхон ба гӯш мерасад.

Аз бозе ки ба исрори телефонии Бароталӣ
Олимов озими Деҳнав шудаам, ман ба вай танҳо се маротиба мулоқот доштам. Аввал рӯзи
омаданам, дар кабинеташ; баъд дар ҳамин меҳмонхона... Азбаски дар як ноҳияи бисёр калон
ташвиши одами номаш ҳоким кам нест, ҳар
навбат сӯҳбатҳои мо кӯтоҳ буданд. Аммо дар
бадали он соату дақиқаҳои башумор низ Бароталӣ, чун ҳамеша, маро бо самимияти худ тасхир мекард. Умуман вай як инсони табиатан

пешина
аз 87
навбатӣ