Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

пур буданд. Вале яқин барои онҳо камӣ мекард ин. Чунки душмани нафс баднафсӣ аст. Аз носерамии худ табиатан халосӣ ки надоштаанд — вагарна ба дари ҳаромгулӯй намерафтанд, — ниҳоят ба ҳам дакка мехӯранд. Хун мерезад, чандин хонаву дар сӯхта, ба хокистар табдил меёбад.

Он вақт ин ду гурӯҳи чашмгурусна ва дар роҳи ба даст овардани дороӣ басо бераҳм шояд фикр мекарданд, ки дирӯзак мамлакати шӯроҳо аз ҳам рехт, ҳоло дар ҷумҳурият давраи гузариш аз як сохтори давлатӣ ба сохтори дигар аст — айёми хараҷу мараҷ, яъне бигиру битоз, бикану бихӯр... Пас матавонанд ҳар чӣ хоҳанд, бемамониат ба ҷо оварда, аз бими ҷазо ҳам дар канор бошанд.

Вале ҳаргиз ин тавр набуд. Онҳо хомтамаъро хом мешумурданд. Зеро тамоми ҷумҳурият, ки ҳамагӣ якуним сол қабл ба истиқлол расида буд, бо вуҷуди гиреҳнокии масъалаҳои ҳалталаб дар сиёсати берунӣ, комилан дар зери назари ҳукумати худ қарор дошт. Баъзе маъмурони маҳаллӣ, ҳатто сарварони болонишин... кӯру кар бошанд ҳам, дуртар аз бинии баланд дигар чизеро набинанд ҳам, Тошканд аз вазъи куллӣ гӯшаву канори мамлакат то ҳадде огаҳ буд.

Дар натиҷа он ғалаёни ба нигоҳи аввал ногаҳон, ки метавонист дар кӯтоҳтарин муддат вусъат ёфта, берун аз шаҳрро низ фаро гирифта, боиси фоҷиаҳои бисёр сахт шавад, дар бадали як шабонарӯз пахш гардид. Ва ин аз ҳушёрӣ, мавридшиносӣ ва тадбиркории мақомоти боло ба даст омад. Роҳбарият имони комил дошт, ҳоло ҳам дар чунин ақида устувор аст, ки пеши ҳар рӯйдоди бадро сари вақт бастан лозим, ҳар полизи ҳосилнокро аз заҳрпечак дар мавридаш

184

пешина
аз 87
навбатӣ