Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Мегирад Бибирухсора.

— Ана, шахтут овардам, — мегӯяд Суҳайло, як косаи калони қирмизиро болои дастархон гузошта. Сипас нӯки кашоли рӯймолашро сари китф партофта, аз паҳлӯи Саъдӣ ба харак менишинад. — Барои меҳмон...

— Нағз кардӣ, ман аз ту қарздор.

— Аввал шодиёна деҳ.

— Албатта, ёфт шудааст Сӯҳробат.

— Ёфт шуд, — хушҳол каф ба зону мезанад Суҳайло. — Падараш мегӯяд, ки аз идораи милиса пайдо кардам.

— Аз ҳушёрхона будагист, — зуд ба гап ҳошия мебандад Саъдӣ.

— Фарқаш чӣ?

— Фарқаш калон, — ҷиддӣ ба забон меорад ӯ.

— Дидӣ, лаб монд, — мегӯяд бо табассум Бибирухсора. — Ҳатто бачаҳо медонанд, ки Сӯҳроби мо дар куҷо меҳмон шуданаш мумкин.

— Пеш-пеши падараш сиҳат-саломат омад?

— Ман надидаам.

— Омад! — қатъӣ гӯё эълон медорад Суҳайло. — Ба ман ҳаминаш кифоя, ҳаминаш давлати басу барзиёд.

— Насиб кунад!

— Ин гапи дигар, — бештар мешукуфад вай. Пас, чунон ки нохост дар ҳайрат монда бошад, рост ба ман менигарад ва чанд дандони ёзидаашро намоиш дода, мулоим мепурсад: — Намебинӣ, меҳмон? Охир, шахтут овардам. Бигир, насибаат...

— Ташаккур, апа, ҳоло мегирам, — миннатдор мешавам ман.

— Парерӯз аз сафедаш фиристода будам.

— Ташвиш кашидед...

пешина
аз 67
навбатӣ