Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ҷаҳоямро куштӣ! Худо ҷазоятро бидиҳад. Ту ҳам бача кунӣ, мурад!

Фил саъбаро писанд накарда, картумашро боло карда хандида бо писханд мегӯяд:

  • Эй, ту майдаяк, фир-фир-фир парида, ин қадар дод нагӯй, сари маро гаранг накун. Хайр, чӣ шудааст. Магар ман ба умеди бачаҳои ту дар офтоб сӯхта мурам? Гум шав аз назарам!

Саъба доду фиғон карда мегӯяд:

  • Бераҳм, беинсоф, худхоҳ.

Гирён мешаваду парида меравад.

Аз байн боз як сол мегузарад. Саъба боз ба болои ҳамон дарахт лона мегузорад. Боз тухм монда, боз бача мебарорад. Бачаҳо боз чурук-чурук-чурук калон мешаванд. Ҳанӯз парончак нашуда, боз ҳамон фил ба таги сояи дарахт омада, ғел зада, худро ба дарахт мемолад. Боз бачаҳои саъба аз дарахт афтода немуранд. Боз доду фиғони саъба мебарояд. Саъба давида ба гирди сари фил парвозкунон меояду мегӯяд:

  • Бетамиз, бефаросат, бараҳм! Надидӣ, ки дар болои дарахт ман лона дорам? Боз худатро ба дарахт молидӣ, бачаҳои маро ғалтондӣ, куштӣ, нобуд кардӣ! Акнун ман чӣ кор кунам. Лаънат ба ту, садҳо лаънат ба ту!

Фил боз картумашро боло карда, парвои гапҳои вай накарда, ба саъба дӯғ мезанад:

  • Э, аз куҷо пайдо шудӣ! Чурук-чурук-чурук карда ба бадам задӣ-ку. Гум шав аз болои сари ман. Мон, ки ман камтар роҳат кунам. Ман ба бачаи ту чӣ кор дорам. Дафъ шав аз назарам. Ҳар чӣ аз дастат ояд, ҳамонро кун!

Саъба аз ин рафтори фил ба гиря даромада, па-

пешина
аз 264
навбатӣ