Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Ҳезумкаш гуфт:
– Ҷангал месӯхт, ман ин морро аз оташ, аз марг наҷот додам, вале вай мегӯяд, ки ба некӣ, бадӣ аст, ман туро мегазам.
Марди нуронӣ мепурсад:
– Шумо морро чӣ тавр наҷот додед?
Ҳезумкаш мегӯяд:
– Бо як чӯби дароз ҳамин даҳани халтаро кушода ба мобайни оташ дароз кардам, мор ба даруни халта даромад, аз оташ наҷоташ додам.
Марди нуронӣ боз пурсид:
– Чӣ хел ин мор бо ин дарозӣ ба ин халта даромад? Ба назарам, мумкин нест! Ман бовар намекунам.
Мор гуфт:
– Даромадам, бовар накунӣ, боз медароям.
Мард гуфт:
– Канӣ, бинам, даро.
Ҳезумкаш даҳани халтаро кушод. Мор ба даруни халта даромаду ҳалқа зад. Воқеан мор дар халта ҷо шуд. Марди нуронӣ ба ҳезумкаш ишорат кард, ки даҳани халтаро бандад. Ҳезумкаш баст. Он мард гуфт:
– Ана, ҷонат халос шуд.
Ҳезумкаши сода аз тарси ҷон, ки мор дубора аз халта набарояд, вайро бо пойҳояш зада-зада кушт ва аз марди нуронӣ пурсид:
– Хайрият, маслаҳати нек додию ҷонамро халос кардӣ.
Марди нуронӣ гуфт:
– Ин маслаҳат аз хонишу дониш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё