Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Агар подшоҳи шикорчӣ маро гирад гӯшти кабкҳои шикориашро хӯрда барояш як писари Кокулзарӣ таваллуд мекунам.
Подшоҳ ин гапҳоро шунида, ба даруни боғ надаромада, ба арки худ омаду ба вазираш фармон дод, ки аз фалон макон духтари сеюмро ба ман хостгорӣ кун. Хостгорӣ карданд. Подшоҳ ба ин духтар хонадор шуд. Вақте ки таваллуди духтар наздик шуд, подшоҳ бо вазиру навкаронаш ба шикор мераваду мегӯяд, ки таваллуди занамро ба ман расонед.
Ду зани дигари подшоҳ, ки бефарзанд буданд, рашк мекунанд. Аз рашк дарун-дарун худашонро мехӯранду аз паси нобуд кардани кӯдак мешаванд. Як пири Золакро меёбанду ба вай як табақ тилло медиҳанду мегӯянд:
— Ҳамин ки зан зоид, кӯдакро нест кун.
Золак даррав як кучукчаро пайдо карда, ба паси дари духтар оварда монд. Зан писар таваллуд кард. Ин писар, дар воқеъ, хушрӯ буду дар пушти сараш як кокули зарӣ дошт. Золак ҳамон кучукчаро гирифта ба бағали духтар гузошту гуфт:
— Э духтарҷон, мана бин, як кучукча зоидӣ.
Духтар ба Золак мегӯяд:
— Чӣ хел овози кӯдак баромад-ку.
— Не-не, мана бин, кучукча.
Золак писари Кокулзариро гирифта, бурда ба як ҷангал мепартояд. Баъд ба назди подшоҳ омада мегӯяд:
— Подшоҳи олам, бадбахтӣ.
— Чӣ гап?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё