Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
З-ин ҳама ин гуфтаҳо як нуктаи шоён нест.
Эй абармарди бузург аз ин ҳама афзунтарӣ,
Гар ба васфат чанд китоб иншо шавад ҳам бартарӣ.
Майи соли 2020
БА ФАРЗАНДОНАМ
Ба нахустфарзанд-писарам қории мураттаби
Қурон, 4-карат ҳоҷӣ-Изатулло
Намо ҳурмат устодатро писарҷон,
Ту чун ҷисмиву устод бошадат ҷон .
Бароят во кунад дарҳои маънӣ,
Кунад ошно-т бар дунёи маънӣ.
Бувад устод шамъе дар шаби тор,
Кунад равшан роҳи росту ҳамвор.
Ту устодро бидон чун ангубине,
Чу занбур гард дар гирди ширинӣ.
Зи шаҳди илм ширинтар чизе нест,
Бароят з-устод беҳтар касе нест.
Кунад тақдим туро дунёи ҳикмат,
Биёбӣ баҳра гар бошӣ баҳиммат.
Ҷони модар то нафасҳои пасин,
Илм омўзу амал бинмо яқин.
Илм омўхтӣ фаромушаш макун,
Хору зору гунгу хомушаш макун.
Гар ризои модарат хоҳӣ писар,
Илм омўзу амал кун сарбасар.
Боамал олим бувад инсони хос,
Раҳнамои роҳи роҳгумкардаҳост.
Силии устод ҳазорон беҳтар,
Бошадат аз силаи дасти падар.
Апрели соли 1994

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё