Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Ҷамъи тоҷик ҷамъ бодо ҷамъ бодо то абад.
Қалби тоҷик гарм бодо гарм бодо то абад.
Тоҷикон имрўз бо ҳам муттаҳид гардидаанд,
Соҳиби иқболу ҳам бахти саид гардидаанд.
Боз пайвастед ба ҳам занҷираи бигсастаро,
Боз бахшидед умед ҳар ноумеду хастаро.
Ҳарчӣ гуфтанду бигўянд боз дар васфат кам аст,
Баски авсофи ту бешу бештар аз Ҷоми Ҷам аст.
Он китоберо, ки дар авсофи ту иншо шуда,
Чашмаи Зояндаруд гардида оби Зам-зам аст.
Октябри соли 2019
Давлатмард
(Эҳдо ба бузургмарди миллат Сайдулло Хайруллоев)
Сано бодо ба мардоне ки марданд,
Ба роҳи зиндагӣ ҳимматнаварданд.
Биё донем қадри ин бузургон,
Ки роҳи қаҳрамониро сипарданд.
Ту эй марди абармарди сиёсат,
Ту эй миллатгарои боасолат.
Ниҳодат пурғурури тоҷикона,
Ва ҳастӣ ҳамсафи Эмоми миллат.
Туро чун Хайри Оллоҳ исм бошад,
Саропо Хайри Оллоҳ ҷисм бошад.
Ба ҳар ҷо по гузорӣ хайр хезад,
Ки ҳар ҷо Хайр бошад Шар гурезад.
Дар ин ҷода дуогўйи Шумоем,
Ба ду олам Худогўйи Шумоем.
Ки бошӣ бениёз дар зиндагонӣ,
Зиҳӣ беэҳтиёҷу дар амонӣ.
Ноябри соли 2017

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё