Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Ў биҳиштихислате буду биҳиштисурате,
Дар паноҳи лутфи Хақ бошад ҳамеша дар амон!
Июли соли 2010
Мўъҷиза
Ибтидо аҳсан ба номи он Худо,
Пас дуруд бар оли поки Мустафо.
Он Худое, ки бузургон офарид,
То намояд ҳастии худро падид.
Суҳбате доштам ба як мўъҷизамард,
Зодаи Эронзамин Умеди Маҷд.
Ў ба назм оварда буд Қуронро,
Мусҳафи таскини рўҳу ҷонро.
Очунон зебову мавзунаш қалам,
Дурру марворид чида рўи ҳам.
Оя-оя назми Қурон кардааст,
Кисват уро чун арусон кардааст.
Ў ҷавон аммо хирадсолор буд,
Як ҷаҳон маънии пурасрор буд.
Хомаам оҷизи тавсифаш бувад,
Чун каломи Ҳақ варо ашъор буд.
Эй бародар азми ту бодо қавӣ,
Роҳнамои ту равони Мавлавӣ.
Октябри соли 2005
Ишқи деромада Солҳо ба чашми чор , Мондам интизор.
Сад шукр омадӣ, Эй ишқи шаҳсавор.
Дар ҷодаи сафар, Танҳо наям дигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё