Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Духтар баъд аз дилдории модар мепурсад:
– Оё чӣ ҳодиса шуда бошад? Боиси ин изтироб ва гиря чист? Оё писари кӯр чӣ кор карда метавонист, ки ман наметавонистам:

Модар гуфт:
– Хок бар сарат! Аз ин зӯртар чӣ ғам шуда метавонад, ки падари пиратро подшоҳ ҳабс кардааст. Сабаби ҳабси падар ҳамин будааст, ки вай гуфтааст: дар Нишопури Хуросон марди тоҷире ҳаст, ки дувоздаҳ дона лаъли ҳафтмисколиро ба гарданбанди сагаш кардааст. Подшоҳ ин суханро дурӯғ ёфта, ӯро қариб куштанӣ шудааст ва бо сухани элчии фаранг ба зиндон партофта, яксола мӯҳлат додааст. Агар писар мебудӣ, дар ин кор фикре мекардӣ. Балки ба он вилоят сафар мекардӣ ва савдогарро ба назди шоҳ меовардӣ, ки он пир халос мешуд.

Духтар гуфт:
– Қавли ту қобили итоат аст (дуруст аст). Аммо ба тақдир тан додан, сабр кардан даркор аст. Ин гиряю зории ту хуб нест...

Ҳамчунин он оқилаи ботадбир модарашро тасаллӣ дода, гусел мекунад. Худаш бисоти айшро меғундорад ва то шаб дар гӯшае хомӯш менишинад. Шаб дояи худро, ки ӯ кафили муҳиммот ва идоракунандаи хоҷагии ӯ будааст, ба хилват металабад ва ба ӯ рози худро кушода мегӯяд, ки:
– Барои халосии падар бо ёрии ту ба Аҷам рафтани ҳастам, барои исботи ростии сухани падарам маҳзари мӯътабаре бо мӯҳри аъёни Хуросон ва Нишопур меорам.

Доя баъд аз ибо ва инкори бисёр маҷбур мешавад, ки таклифи духтарро қабул кунад. Онҳо баъд аз машварат ба ҳамин қарор медиҳанд, ки доя аз мардумон пинҳонӣ матои боби Аҷам ва Хуросон ҷамъ намояд. Ба қадри зарур ғулом ва ходим ба музд гирад ва дигар асбобҳои сафарро тайёр кунад. Баъд аз он ки бо кӯшиши доя тамоми чиз тайёр мешавад, он духтар либоси мардона мепӯшад ва тамоми ҷавоҳироти қимматбаҳои захира кардагиашро гирифта, шабона мебарояд ва худро ба корвон мерасонад.

________________ ¹ Маҳзар – 1) аризаи даъво дар маҳкамаҳои шариат; 2) ҳуҷҷати расмӣ, ки бо вай чизе собит шавад (дар ин ҷо ба маънии дуюм аст).

пешина
аз 191
навбатӣ