Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аз дурӯғи бефурӯғ бадтар чӣ гуноҳ ҳаст.
Гуфт:
— Дурӯғаш аз куҷо ба шумо маълум шуд?
Гуфтам:
— Ақл бовар накунад, ки як марди бозорие, ки барои як танга ҷон медиҳад, дувоздаҳ дона санги ҳафтмисколиро ба гарданбанди сагаш бандад?!
Элчӣ таъзиме карда ва гуфт:
— Шаҳрёро, давлатат зиёд бод! Ҳар сухан, ки мешунавӣ, эҳтимоли ростӣ ва ҳам эҳтимоли дурӯғӣ дорад. Шояд ки ин ҳикоят ҳам рост бошад ва аммо дурӯғ намояд. Инчунин барои калимае, ки дурӯғӣ ё ростии он ҳанӯз маълум набошад, бандаи пири давлатҳои худро куштан хуб нест. Ҳаққи хизмати қадими ӯро донистан лозим аст. Шаҳрёрони гузашта зиндонро барои ҳамин сохтаанд, ки ҳар гоҳ ба касе хашм гиранд, ё аз касе шубҳа кунанд, чанд рӯз ӯро маҳбас кунанд. То он ки хашм фурӯ нишинад, ё бегуноҳии он шахс муайян гардад.
Суханҳои он марди боақл, маро аз куштани вазир боздошт.
Гуфтам:
— Алҳол қатли ӯро ба гуфтаи ту муваққатан бозмедорам ва ба ӯ як сол мӯҳлат дода ба зиндон мефиристонам. Агар ростии қавлаш зоҳир шавад, халос хоҳад шуд, в-агарна ба ӯ чӣ карданамро худам медонам.
Элчӣ таъзим кард ва сокит гардид. Вазирро ба зиндон бурда ҳабс карданд. Чун ин хабар ба хонаи вазир мерасад, доду фиғони аҳлу аёли ӯ баланд мешавад. Ин вазир як духтари ҳаждаҳсолаи бо хату савод ва пуристеъдоди боақлу бофаросат дошт. Вазир барои духтараш дар паҳлӯи ҳарамаш хонаи алоҳида сохта буд. Доим он бо амирзодагон ва канизони соҳибҷамол ба айшу ишрат ва бозӣ машғул буд. Он рӯз ҳам духтар ба кайфу сафои худ иштигол дошт, ки модараш мӯпарешон, чашмҳунфишон ва сару побараҳна, синакӯбон, додгӯён ба сари ӯ меравад ва ба ҳар ду даст ба сари ӯ зада, мегӯяд:
— Илоҳӣ духтар аз модар назояд, агар зояд, напояд! Э нанги падар ва ори модар! Кошки, ба ҷои ту писари кӯре медоштам. Ба ҳар ҳол дар ин вақт ғамам набуд, ба ҳар ҳол вай аз ӯҳдаи ин кор мебаромад...

пешина
аз 191
навбатӣ