Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ватан ва бечора!.. Рӯи дунёро гашта, ҷавру ҳиҷрони бепоён кашида, як замон дар ҳеҷ макон наёромида ва заҳри маҳрумӣ нӯшидаем...
Озодбахт гуфт:
– Дарвешон! Аз ин аёнтар баён кунед.
Гуфтанд:
– Шаҳрёро! Умрат дароз бод! Моро на қуввати гуфтан ва на касеро тоқати шунидани аҳволи пурмалоли мост.
Озодбахт гуфт:
– Дарвешон! Ин сухан ҳақ ва рост аст. Чаро ки ман саргузашти ду нафари шуморо дар шаби гузашта шунидам ва мехоҳам дуи дигаратон парда аз рӯи кори худ боз кунед ва бо тартиб ба гуфтани саргузашти худ оғоз кунед.

Дарвешон аз савлат ва азамати подшоҳӣ ларзида ва тарсон хомӯш монданд. Озодбахт чун дид, ки эшонро ҳолати савол ва қуввати мақол нест, онҳоро ба ҳамнишинии худ ҳукм фармуд ва маҷлисро аз дигарон холӣ намуд. Баъд барои оромунидан ва ром кардани дарвешон саргузашти худро худ оғоз кард ва гуфт:
– Дарвешон! Ҳоло ки шуморо ҳаё монеи гуфтор аст, саргузашти маро, ки чанде пеш аз ин ба ман рӯ дода ва ҳақиқати онро ба чашми худ дидаам, шунавед.

Дарвешон хурсанд шуда, шоҳро дуо гуфтанд. Озодбахт гуфт:
– Баъд аз вафоти падар, ба тахти султонӣ ва маснади комронӣ нишастем: мулки Румро монандӣ мум дар зери нигини худ даровардем. Баъд аз андак замоне як тоҷири бадахшонӣ ба ин вилоят омада расид. Вай моли бениҳоят ва ҷавохиру қамоши беҳад дошт. Чун овозаи ӯ дар вилоят мунташир шуд, мо ҳам шунидем ва ӯро ба назди худ ҷеғ задем. Мақсад аз ҷеғ задани вай он буд, ки ба василаи ӯ рафтор ва мулкдории шоҳони ҳар диёр ва сифат ва зӯрии онҳоро фаҳмем. Чун он мард ба даргоҳи мо ҳозир шуд, дурҷе ба расм армуғон пешкаши бандагони мо кард. Чун дурҷро кушодам, дар он як лаъдро дидам, ки бисёр хушоб буд ва вазнаш ба се мисколи санг баробар меомад, ки мислашро ман на

пешина
аз 191
навбатӣ