Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
БАЁНИ АҲВОЛИ ХОҶА САГПАРАСТ
...Чун дарвеши дуюм саргузашти худро тамом кард, бомдод шуд. Озодбахт бо дили пуршавқ ба боргоҳаш равона гардид. Ҳамин ки ба манзилаш расид, тағйири либос карда ба боргоҳ баромад ва дарҳол ду ясовулро ба талаби дарвешон фиристод...
Дарвешон нишаста буданд, ки ясовулони подшоҳ расиданд ва хоҳиши подшоҳро ба онҳо расониданд. Дарвешон аз ин хабар шод гашта, зуд равона шуданд. Чун ба даргоҳ расиданд, баъд аз рухсат ба боргоҳ даромада дуо карданд. Подшоҳ ба онҳо меҳрубонӣ карда пеш чег зад ва бо нармӣ аз чигунагии аҳволашон пурсида, гуфт:
— Э подшоҳони факр ва фано, хуш омадед! Аз куҷо меоед ва ба куҷо меравед? Чаро ғамгин ҳастед?
Онҳо арз карданд, ки:
— Баҳтат ҷавон, давлатат бепоён бод! Дарвешонем, овораи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё