Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Чӣ тамошо аз ин аҷибтар аст, ки ошиқ маъшуқро хоҳад кушт?
    Гуфтам:
  • Ёрон! Ман дар ин ҳол ин муамморо намефаҳмам. Бигӯед, ки ошиқ кист ва маъшуқ кист? Боиси қатли маъшуқ чист?
    Гуфтанд:
  • Ошиқ духтари подшоҳ, маъшуқ писари амаки вай аст, ки ту барои ӯ нома бурдӣ ва ин фитнаро барпо кардӣ.
    Гуфтам:
  • Чаро ӯро мекушанд?
    Гуфтанд:
  • Шарҳи он дуру дароз аст.
    Гуфтам:
  • Маро ҳам бо худ баред, ки ба сабаби шумо ин тамошоро бинам.
    Онҳо чун орзуи маро дарёфтанд, аз роҳ баргаштанд ва ба хонаи подшоҳӣ даромаданд: маро ба замин гузошта, худ низ дар зери дарахтон ба сайр истоданд. Ман чун назар кардам, дар миёни боғ ҳавзе буд, дар лаби ҳавз подшоҳ бар курсии зар нишаста ва чанд машъал бар атрофи ӯ месӯхт. Ногоҳ хиёбон ба ҳаракат омад ва он нозанини дилрабо бо сари бараҳна, дар зару зевар намудор шуд. Вай чун ба назди падар расид, таъзим кард. Подшоҳ ӯро дар бар кашида, дар паҳлӯи худ шинонид ва нисбат ба он гулизор меҳрубонии бисёр фармуд. Ман аз онҳое, ки маро бардошта оварда буданд, пурсидам, ки:
  • Ёрон, ин чӣ рамз аст?
    Онҳо гуфтанд:
  • Он ҷавон писари подшоҳи бузурги мо буд. Ҳанӯз вай кӯдак буд, ки падараш бар бистари марг афтод ва бародари худ - ҳамин подшоҳи ҳозираро чег зада, ноиб ва вакили салтанати писари худ кард. Инчунин аз ӯ аҳд гирифт, ки чун ин писар калон шавад, тахту нигинро ба ӯ супорад ва духтари худро, ки ҳамсоли ӯст, ба занӣ ба ӯ дода, худаш ба гӯшаи фароғат нишинад... Чун ӯ мурд, бародар ба тахти подшоҳӣ нишаст. Баъд аз он ки лаззати фармонравоӣ чашид, васияти бародарашро фаромӯш кард ва ҷоми шароби ғурур ва ғафлат нӯш кард.
пешина
аз 191
навбатӣ