Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Дастурхон паҳн карданд, он лолаизор беихтиёр чун абри баҳор, сиришки хунини монандӣ дурри шоҳвор бар сафҳаи рухсор фурӯ рехт... баъд аз нолаву оҳ чанд луқма ба зӯр тановул карда, даст пок кард. Баъд аз гундоштани дастурхон хизматгорҳо ба ҳар тараф рафтанд ва маҷлис бартараф шуд. Ӯ рӯ ба ман карда, гуфт:
— Муслимӣ, сармояи тиҷоратат чанд аст?
Гуфтам:
— Фидои ту гардам, ба даҳ ҳазор туман мерасад.
— Дар як сол чӣ қадар фоида мегирӣ?
— Он чӣ Худо диҳад.
— Аз ин сафари фаранг чӣ қадар фоида гирифтан мехоҳӣ?
— Он чӣ Худо диҳад.
Гуфт:
— Хоб, оё ҳазор туман фоида мекунӣ?
— Якчанд матоъ дорам, агар фурӯхта шавад, шояд бирасад.
— Агар тавонӣ, ба ту як хизмат мефармоям.
Дар ҷавоб гуфтам:

Бад-ин мужда гар ҷон фишонам равост, Ки ин мужда осоиши ҷони мост...

Гуфт:
Агар дар ин боб кӯшиши дуруст ба кор барӣ, аҷри хуб ҳосил мешавад.
Гуфтам:
— Аҷри ман, таваҷҷӯҳи ту асту бас!
Ӯ гуфт:
— Агар ба ту музди хизмат даркор نەбошад, ба мо ҳам хизмати бемузд лозим нест.
Гуфтам:
— Майл ва ихтиёр ба дасти туст.
Гуфт:
— Муслимӣ, қогазеро ба ту медиҳам, бояд ба ҷое, ки гӯям расонӣ ва ҷавоби онро гирифта биёрӣ. Аммо навъе ҳаракат кунӣ, ки касе хабардор нашавад. Зеро ки ин кори хатарнок аст, мумкин аст ҷон талаф шавад.
Ман гуфтам:

пешина
аз 191
навбатӣ