Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

МАТОИ худро пеш бурдам, аммо аввал нақди ҷон пешкаш кардам. Вай баъд аз мулоҳиза ва боздид чанд ҷавоҳир ва чанд тоқа матоъ писандид ва гуфт:
— Муслимӣ, инҳоро мону фардо биё, баҳояшонро мегирӣ!
Ман гумон кардам, ки ба ман дунёро доданд. Зеро ки боз як бори дигар дидаам ба нури ҷамоли он фариштаисол мунаввар мешавад. Бинобар он забон ба дуо кушодам:

— Дорам уммед, ки наҳли карамат ҳам нашавад, Сояи марҳаматат аз сари мо кам нашавад.

Ва аз он маҷлис... бо дили ҳазин ва ҷони ғамгин берун омадам. Вақте ки ба ҳуҷра расидам, ба гӯшаи сӯгувор (мотаммиёна) нишастам ва дар ба рӯи худ бастам ва ба гиряву нола дарпайвастам... гоҳ худро маломат карда мегуфтам, ки: «Эй дили беҳосил! Ин чӣ нодонист?! Маълум аст, ки висоли он симинбар ба ту муяссар нахоҳад шуд. Акнун аз ҷоми фироқ хунҳои бисёр хӯрӣ ва бисёр рӯзҳо дар водии ҳиҷрон ба сар барӣ. Зани ғолиб он ки ҷони ширин ба ёди он лаъли ширин дарбозӣ (бой диҳӣ)!..»
Гоҳо мегуфтам: «Хушо ҳолат, агар ба зудӣ ҷон фидо кунӣ ва дар чарғаи (сафи) вафодорон нашъунамо кунӣ!...».
То он ки рӯзу шаб ба сад гуна тааб гузашт. Рӯзи дигар дар баробари баромадани офтоб, бо дили бетоб ба сӯи давлатсарои он хуршедлиқо рӯ овардам...
Чун он хурназирро назар ба ман афтод ва дид, ки музтарибам, меҳрубонӣ намуда, ба нишастан амр фармуд. Арз кардам:
— Умрат дароз бод! Инҳоро қадре нест. Он чӣ лутфи малика бошад, хуб аст.
Лабе ширин карда ба ходимон ишора кард, кисаи заре оварда дар пеши ман гузоштанд. Ман сар ба зер карда, аз ҳиҷолат дида пӯшидам, ба маломати худ кӯшидам ва ба ҳазор ҳасрату افسوس гуфтам: «Э вой, баъд аз ин чӣ кунам?».
Хостам аз ҷо хезам, гуфт:
— Муслимӣ, ба ҷоят бинишин, ки ман ба ту коре дорам.
Аз ин ҳарф хушвақт шуда нишастам. Бо амри ӯ хизматгорҳо ширинӣ ва шарбат оварданд. Он фитнаангези балоҷӯ ҳар замон нигоҳи лутфомез мекард ва бо ин васила оташи ишқи маро тез мекард... ҳамин ки таоми чошт оварда,

пешина
аз 191
навбатӣ