Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Рашк синаамро сӯхт. Худро ба хоб андохтам. Вақте ки мардум ҳама ба хоб рафтанд, аз ҷо бархоста, як каниздухтарро ба канор кашидам ва аҳволи писаракро аз ӯ пурсидам:

Гуфт:

– Ба он каниз майли тамоми дорад ва имшаб ба боғ рафтааст, ки бе ташвиш сӯҳбат кунад.

Ин хабарро шунида олам ба назарам торик гашт. Аз ҷо бархоста яккаву танҳо ба боғ рафтам. Чун он ҷо расидам, дарвозаи онро баста дидам. Ба машаққати тамоми аз девор ба боғ фуромадам. Он шаб 14-уми моҳ буд ва моҳ ба болои сар омада буд ва дар моҳтобӣ шитофтам ва ҳар ду муштоқро дар як пераҳан ёфтам: чун ширу шакар ба ҳам омехта, даст ба гардани ҳамдигар андохта, дар бӯсу каноранд. Ин ҳолро дида корам шуд ва дар зери гулбуне нишастам, забонам аз гуфтор ва поям аз рафтор фурӯ монд. Вақте ки онҳо аз бӯсу канор фориғ шуданд, ба майгузорӣ нишастанд. Иттифоқан каниз ба ман рӯ ба рӯ нишаста буд ва он ҷавон бо пушташ менишаст. Ман беихтиёр ин шеърро хондам:

Чӣ кардаам, ки фалак бевасила доғи ман аст,
Аҷал дуаспа шабу рӯз дар суроғи ман аст?
Сиёҳбахтӣ аз ин бештар намебошад,
Ки маҷлиси дигаре равшан аз чароғи ман аст?

Каниз овози маро шинохта қадахи майро ба дур андохт ва даст ба тарафи он ҷавон афшонда, гуфт...

– Чаро беҳуда ҳам маро ва ҳам худро озор медиҳӣ?

Писар маро дида, гуфт:

– Малика! Худо туро нигоҳ дорад. Магар ту ба мо асп ва ё шутуре фурӯхтӣ? Ё маро харида гирифтӣ? Мо тарки хонумон кардем, аммо ту моро тарк намекунӣ.

Гуфтам:

– Рост аст, инҳо чист? Чӣ шавад, ки ман ҳам ба сӯҳбати шумо ҳамроҳ гардам.

Ӯ гуфт:

– То ман худамро накушам, ту аз ман даст намекашӣ.

Канизаки фитнаангез бо хандаи таънаомез оташи ӯро тез мекард. То он ки писар аз миёни либосаш ханҷари обдореро,

пешина
аз 191
навбатӣ