Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Эй фалонӣ, магар тақдир ҳамин буд, ки гуфтаҳои хоҷасарой ба ман асар кард. Боре қадаҳ оварданд ва хоҷасарой соқӣ шуда кӯкнор кашида, ба духтарон нӯшонид. Бо таклифҳои онҳо ман ҳам андак нӯшидам, баъд аз андак фурсат кӯкнор кайф дода дафъи хумор кард ва аз дарди сар наҷот ёфтам. Дар ин дам канизон дар беруни хона бо калбача ҳазлу бозӣ карда, ӯро озор додаанд, ки вай фарёд кард.

Гуфтам:
— Ин беадаб кист? Чаро фарёд мекунад?

Хоҷасарой гуфт:
— Ин ҳамон калбачайи масхарабоз аст!

Гуфтам:
— Бо ин хурдсолӣ ӯ масхарабозиро чӣ медонад?

Хоҷасарой гуфт:
— Умрат дароз бод! Ин ҳаромзода ҳар рӯз дар кӯкнорхона надим ва сӯҳбаторои ёрони мо аст.

Гуфтам:
— Ӯро гирифта биёр! Бинам, ки чӣ гуна аст?

Хоҷасарой ӯро кашида даровард ва бо вай суханони хазломез гуфтан гирифт. Ӯ ҳам бо забони бачагона ва ширин ба хоҷасарой суханҳои талх ва бад мегуфт ва масхарагӣ мекард. Ман бисёр хандидам ва ниҳоят фармудам, ки кӯзаи кӯкнори ӯро пур аз танга карда бидиҳанд ва муқаррар кардам, ки ӯ ҳар рӯз кӯкнор биёрад. Вай ҳар рӯз кӯкнор меовард ва бо хоҷасарой ва доя шӯхиҳо карда, моро мехамонд ва кӯзаи ӯро пури зар карда медоданд. Чун айёми рӯза гузашт, ман боз ба шаробхӯрӣ сар кардам, аммо дил ба ҷониби кӯкнор ҳам мекашид ва мехостам бо калбача ҳам сӯҳбат кунам ва муқаррар доштам, ки мисли пештара кӯқнорро овардан гирад.

То шаш моҳи дигар кори мо ҳамин буд. Калбача доимо дар сӯҳбат буд. Гоҳо ба ӯ ҳам шароб медодем. Аммо либоси кӯҳна ва кулоҳи намадии вай ҳеҷ дигар нашуд. Ман гумон кардам, ки тангаеро, ки ба вай медиҳам, ба баҳои кӯқнор меравад ва ба ӯ чизе намемонад, ки ба худ либос бихарад ва фармудам, ки баъд аз ин кӯзаи ӯро пури тилло карда диҳанд. То шаш моҳи дигар ҳам ҳол ҳамон буд ва либосҳои ӯ дигар нашуданд.

пешина
аз 191
навбатӣ