Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— Эй сарви хушхиром, ки хуш меравӣ ба ноз, Ушшоқро ба нози ту ҳар лаҳза сад ниёз.
Ду калима васият ҳам аз ғамзадаи дилшуда гӯш кун.
Вай табассум карда истод ва гуфт:
— Бифармо, то чӣ васият дорӣ?
Гуфтам:
— Эй мояи ноз, ба умри дароз, дар ёд дорӣ, ки дар он шаб гуфта будӣ ки «Эй ҷавони ғариб, маро бо зарбае ҳалок кун ва ба хок супор! Вале ман беадабӣ намудам, сухани туро гӯш накакардам. Акнун ту ба гуфтаи ман амал намуда маро ҳамон тавр кун!
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас, фарқ миёни мову ту чист, бигӯ!
Ӯ гуфт:
— Чӣ кор кунам?
Гуфтам:
— Яке аз ин ду корро кун: ё дар қатори хизматгоронат ҷо бидеҳ, ё бифармо, ки яке аз ин ғуломонат маро бо зарбае аз ғаму ғусса ҳалок кунад ва дар гузаргоҳи ту гӯр кунад.
Ё фикри дили фигор мебояд кард,
Ё куштанам ихтиёр мебояд кард.
Алкисса, аз ин умр надорам ҳавасе,
Як кор аз ин ду кор мебояд кард.
Чун инро шунид, табассум намуд ва гуфт:
— Фалонӣ, худро озор мадеҳ, ки ин аз ақл дур аст ва аз ин кор оқилро нуфур аст...
Гуфтам:
— Ин тавр бошад, ба ман баён кун, ки сабаби ин ҳама воқеаҳои аҷиб, ки ман дидам, чӣ буд?
Ӯ гуфт:
— Ин ҳам мумкин нест:
Пардаи хеш даридан на зи ақласту шуур, Шамъ дар пардаи фонус диҳад беҳтар нур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё