Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавон розӣ шуда, ба маъшуқааш кас фиристод ва ӯро ҳозир кард. Баъд аз он ба айшу нӯш машғул шудем; то шабонарӯз чунон сӯҳбат кардем ва чунон хурсандӣ намудем, ки ҳеҷ кас тасаввур карда наметавонад...

Дар шаби чорум аз худ рафта маст шудам. Вақте ки ҳушёр шуда чашм кушодам, офтоб баланд шуда буд. Ба ҳар тараф нигоҳ карда аз он мардум ва он ҳама асбоб асаре наёфтам. Саросема ба ҳар тараф давидам, ҳеҷ касро наёфтам. Фақат дар кунҷи хона гилемеро дидам печонида монда буданд. Онро кушода он ҷавонро бо маъшуқааш сарбурида, ба хоку хун оғушта ва дар он гилем печида дидам. Он ҳолатро дида аз хавф қариб буд, ки беҳуш шавам. Намедонистам, ки чӣ кунам ва чӣ сон худро аз ғарқоби бало берун кашам. Дарвешон! Бадтар аз ҳама ин буд, ки ман ошиқ ва шайдо будам. Аз он шабе, ки ба Шом расидам, то ба он рӯз чандин ҳодисаҳоро дида будам, ки ҳамааш муаммо буд ва ҳал кардани он барои ман мушкил буд. Ман дар ҳамин фикру хаёл будам, ки касе ба ҳавлӣ даромада омад. Ман гумон кардам, ки аз хизматгорони он ҷавон аст, ки барои хабаргирӣ омадааст ва зуд хеста ӯро бардошта ба замин задам ва дидам, ки яке аз ғуломон буд, ки дар ин чанд рӯзу шаб хизмат мекард ва гуфтам:
— Он зебонигор куҷост, ки дилам аз дурии ӯ фигор аст; ту куҷо будӣ ва барои чӣ омадӣ?
Ӯ гуфт:
— Ту чаро маро азоб медиҳӣ ва ҳол он ки он нозанин маро ба талаби ту фиристод ва туро ба хизмати ӯ мебарам.

Ман бо шунидани муждаи васл он ҳодисаро фаромӯш кардам ва бо завқи тамоми аз паи ғулом равон шудам. Баъд аз хеле роҳ гаштан ба майдони васее расидем, ки дар як тарафи он девори баланде буд ва дарвозаи иморати бузурге менамуд. Дар рӯ ба рӯи дарвоза масҷиди васеъ бино ёфта ва аз пеши масҷид наҳри калоне ҷорӣ буд. Дар лаби наҳр дарахтон рӯида, соя афганда буданд. Ғулом маро дар сояи дарахте гузошта худаш ба дарун рафт ва баъд аз андак фурсат бо хоҷасарое берун шуда, бар дари хона истод ва маро ба ӯ нишон дод. Баъд худаш ба назди ман омада, гуфт:
— Фалонӣ, ту имрӯз дар кунҷи ҳамин масҷид ба сар бар, шабона ба назди дарвоза биё, то хоҷасарой туро ба назди малика раҳнамун гардад.

пешина
аз 191
навбатӣ