Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ман меҳрубонӣ кард ва ба боло бурда дар паҳлӯи худ нишонид, аз аҳволам пурсид. Ман низ узри бедабии худ хостам ва аз ҷиҳати берухсат аз хонаи ӯ рафтанам бахшоиш пурсидам ва бо ӯ ба сӯҳбат нишастам. Он ҷавон шарбат ба ман дод, нӯшидам, хеле маъқул шуд.

Ӯ гуфт:

– Ин шарбат барои дафъи хумор фоиданок аст.

Чун он шарбат ба ман гуворо намуд, боз талаб кардам ва нӯшидам. Вақте ки се-чор пиёла нӯшидам, димоғам чок шуда, маст гаптам ва дар ҳамон ҳолат он ҷавонро ба хона таклиф кардам. Он ҷавон бе он ки узр гӯяд ё баҳонае ҷӯяд, таклифи маро қабул кард. Баъд то бегоҳӣ дар ҳамон ҷо нишаста, сӯҳбат кардем ва баъд аз дӯконро бастан ба сӯи хона равон шудем. Аз зиёдатии мастӣ даст ба гардани ҳамдигар андохта будем. Вақте ки ба қарибии ҳавлӣ расидем, ман андаке ҳушёр шудам, аҳволи хона ва бесомониям ба хотирам расид, кайф аз сарам парид ва поям аз рафтор монд... он ҷавон ба гумони он, ки маро кайф мебарад, ман ба фикри он, ки чӣ кор карда аз дасти ӯ халос шавам, калавида мерафтам ва аз дасти ӯ гурехтан мехостам. Охир ба ҷое расидем, ки дигар ҷои гурез ҳам набуд. Ноилоҷ чашм кушода ба роҳ даромадам ва хиёбони дари хонаи худро дидам, ки кӯча об пошида рӯфта шудагӣ, дар дами дар одами бисёре дар тараддуд... ман гумон кардам, ки аз мастӣ роҳро гум кардаам. Вале диққат карда бинам, ҳамон кӯча ва ҳамон ҳавлӣ. Он мардум омадани моро дида ҳама бо тавозӯъ даст ба пеш гирифтанд ва ба мо роҳ доданд ва як қисмашон аз паси мо хизматгорвор меомаданд. Вақте ки ба даҳани дарвоза расидем, ду ғуломбачай озодалибос ба мо шароб ва газак доштанд. Ман чунон маст будам, ки парвои шаробам набуд. Аммо он ҷавон гирифта нӯшид. Баъд ба хона даромадем... Ҳавливу хона аз шӯълаи шамъу чароғу қандил монанди рӯз равшан ва музайян буд. Дар шохаҳои дарахтон қафасҳои булбулу قمرӣ овезон ва он паррандагон аз шӯълаи шамъ ва атру райҳон ба завқ даромада гулгула ва шӯр барпо карда буданд. Ба даруни хона даромада дидам, ки фаршу палосҳои бисёр аъло паҳн карда шуда, дастурхонҳои атлас ва заррин кашида ва асбобу ишрат, ҳар хел неъмат ва хӯрдани ва май ва ҷомҳои булӯрин, нуқрагин ҷо ба ҷо монда буданд. Дар

пешина
аз 191
навбатӣ