Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
якборагӣ гирифтори он зебонигор ва ишқам аз яке ҳазор гардид, то ба ҳадде расид, ки ҳар дам қасд мекардам маҷнунвор ҷома чок занам ва сар дар биёбон ниҳам. Боз маломати он дилнавоз домангир буд. Он маҳҷабини зӯҳраҷабин ҳоли маро дида, ҳар замон аз рӯи шафқат ба ман дилдорӣ медод ва аз гиря манъам мефармуд.
Баъд аз си рӯз тамоми ҷароҳатҳои бадани он нозанин сиҳат ёфт. Ҷарроҳ он моҳро рухсати ҳаммом дод. Ин хабарро шунида он духтар хурсанд шуд ва он шабро ба истироҳат гузаронида, рӯзи дигар ба ман гуфт:
— Эй фалонӣ, дилам хӯроки лазиз мехоҳад.
Дарвешон, ман ба чунон ҳолате афтодам, ки гуфта наметавонам! Чаро ки дар ин муддат орзу мекардам, як бор он нигор шарбати обе биталабад. Аммо муяссар намешуд. Ва он рӯз, ки ӯро хоҳиши таом шуд, ман ҳозир карда наметавонистам. Зеро ки он чӣ доштам, ҳама сарф шуда буд. Аз хиҷолат сар ба зер афкандам. Он нигор аз ҳолатам фаҳмид, ки пулам намондааст, бо меҳрубонӣ ба ман нигариста, гуфт:
— Эй азиз, аз набудани харҷӣ хафа нашав! Хез ва коғазу қалам биёр.
Мани шармсор ва парешонхотир берун баромада коғазу қалам ёфта овардам. Парирӯ ба ман дилдорӣ дода, ба коғаз якчанд калима навишт, баъд онро ба ман дода, гуфт:
— Дар сари чорсӯи шаҳр дӯкони ҷавоҳирфурӯшӣ ҳаст, дар он ҷо як марди мӯсафед ва соҳибнасабро мебинӣ. Ин мактубро ба вай супурда, ҳар чӣ диҳад, гирифта биёр.
Азбаски ман аз надорамӣ дар хиҷил будам ва фикрам ба дигар ҷоҳо банд буд, он коғазпораро нахондам. Вақте ки ба назди он мард расидам ва хатро супурдам дидам, ки он кас коғазро бӯсида ба дида молид, баъд аз дӯкон давида фуромада дасти маро гирифт ва ба сӯи хонаи худ равон гардид. Дар роҳ нисбат ба ин хоксори дилфигор меҳрубонии бисёре мекард. Вақте ки ба ҳавлӣ даромадем, маро дар меҳмонхона гузошта худаш ба хилват рафт ва баъд аз андак муддат берун баромада, аз паси худ як гуломеро овард. Он гулом дар дасташ як табақи сарпӯшдор ва ба дастурхони заррин печидагӣ дошт. Он мард маро ба гулом нишон дода, гуфт:
— Ҳар ҷо ки ин ҷавон гӯяд, рафта, инро супурда, биё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё