Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Сиёҳпӯшон дар он ҷо саф кашида истоданд ва маълум буд, ки интизорӣ мекашанд. Чун се соат аз рӯз гузашт, наистон барҳам хӯрда, ҷавони шерсавлате омада баромад, ки ба гови зарде зини тилло ва лаҷоми мурассаъ зада савор шудааст. Он ҷавон ба тан ҳафтони суфи мушкин пӯшида, шамшери бароки мурассаае ҳамоил карда, камарбанди сафед ба камар баста буд. Мӯйи сар ба камар расида, парешон ба ҳар ҷониб афтода, ду чашм чун тоси пурхун, ҷӯшон ва хурӯшон, чун баҳр кафк бар лаб оварда буд... Як ғуломи чордаҳсола, аз ақиби ӯ меомад, вай чизеро ба ду даст бардошта меовард.
Чун он ҷавон як тирпарто роҳ ба халоик расида буд, ки аз гов пиёда шуд ва чилави онро ба банди даст дошта шамшер бараҳна сохт ва якзону шуда нишаст. Мувофиқи ишораи вай, ғулом ба наздики мардум омад ва чизе, ки дар даст дошт, ба мардум менамуд. Ҳама тамошо карда таҳсин менамуданд. То ки ба ман расид. Дидам, ки мартабони чинӣ аст, дар он ниҳоли сарвро бо роҳи заргарӣ бо ҳунари зиёд сохта ва онро аз зумуррад мурассаъ карда буданд. Ҳақиқатан чизи пурсанъат буд. Ғулом онро ба ҳама нишон дода ба назди он ҷавон баргашт. Вай аз ҷо ҷасту мартабониро гирифта, бар замин зад, ки реза-реза шуд, баъд чунон шамшер ба гардани ғулом зад, ки сараш ба даҳ қадам дур афтод. Аммо худаш ба ҳамон тариқ нишаста, ба нолаву фиғон даромад ва ин ду байтро хонд:
Аз хасмии рӯзгор зеру забарам,
Хоҳӣ, чӣ кунӣ фалак аз ин бештарам?
Ё фарши замин зи зери поям барчин,
Ё чатри фалак бибар зи болои сарам!
Ҷавон он қадар нолид, он қадар гирист, ки реги биёбонро ба ҷӯш, халқи ҷаҳонро дар хурӯш овард, моҳиёни дарёро бетоб ва мурғони ҳаворо кабоб кард. Баъд аз он ки заминро аз оби дида
1 Наистон барҳам хӯрда – яъне наистон ҷунбиш карда, найҳо ба якдигар расида.
2 Мартобон – зарфи лӯндаи даҳантанг аст, ки аз чинӣ, шишаи махсус ва сафол сохта мешавад.
3 Хасм – 1) душман; 2) тарафи муқобил. Аз хасмии рӯзгор – аз душмани рӯзгор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё