Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Вай ин суханҳо гуфту аз ҳуш рафт. Ман аз парешонии хотир ба кори худ дармондам ва намедонистам чӣ кунам. Гоҳ ақлам роҳи гурез менамуд ва гоҳ ишқ бар суботқадамиям мефармуд... дар охири кор ба худ гуфтам, ки ӯро ба шаҳр барам ва дар муолиҷааш кӯшам, шояд сиҳат ёбад. Бо ин фикр мунтазири рӯз шудам. То ки шаб ба саҳар расид ва дарвоза боз шуд. Ман бо ҳазор машаққат он сандуқро пушти асп гузошта ба шаҳр даромадам. Дар кӯчаю бозор гашта-гашта, ниҳоят ба корвонсарое расидам. Дарҳол як ҳуҷра гирифта, сандуқро ба дарун даровардам, аспро ба саройбон супорида, камтар пул додам, ки онро парвариш кунад. Баъд аз он ба ҳуҷра даромада он нозанинро аз сандуқ берун баровардам ва ба рӯи бистар хобонидам. Баъд, худам ба кӯча баромада, ба талаби ҷарроҳ афтодам. То он ки ба дӯкони ҷарроҳе расида салом додам. Марди ҷарроҳ аз ман пурсид:
– Фарзанд, хизмат чист?
Гуфтам:
– Беморе дорам аз зӯрии дард берун баромада наметавонад. Агар ба диданаш биёӣ ва табобат кунӣ, музди зиёде мегирӣ ва савоб меёбӣ.
Он мард бо ман ба ҳуҷра омада, духтаракро дид. Аз дидани он ҳайрон шуда монду баъд кашидаву кушода ба рӯям чунон як торсакӣ зад, ки лаззати онро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Ман хаёл кардам, ки ин мард он парирӯро мешиносад. Бинобар он даст аз ҷон шустам ва мунтазири сад гуна ҷазо ва расвой шуда нишастам. Баъд аз он, он мард гуфт, ки:
– Эй золими сангдил, чаро ба ин саромади хубон ин зулмро раво дидӣ?
Ман дасти ӯро бӯсида нолидам ва гуфтам:
– Эй мард, ба ҳаққи Худо, ки ин захмҳоро ман назадаам. Он чӣ бар ман гузашт, ба касе насиб нашавад. Ин бечора хоҳари ман аст ва аҳли байти мо аз хоки Яман аст. Мо ба сӯи Байтулмуқаддас мерафтем. Дишаб дуздон бародаронамро куштанд. Ман худамро ба канора кашидам. Вақте ки дуздон баъд аз ғорат аз пайи кори худ рафтанд, ман ба ҷое, ки корвон истода буд, омада қатлгоҳе дидам, ҳама ёрон маҷрӯҳ ва берӯҳ шудаанд. Дар он байн овози нолаеро шунида, ба он сӯ рафтам ва ин хоҳарамро дидам, ки дар миёни кушташудагон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё