Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
САРСУХАН
«Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар ин чоп дар варақаи унвон ба китоб «Чор дарвеш» ном дода шуда ва номи муаллиф навишта нашудааст.
Аммо муаллифи муқаддимаи ин чоп, ки Мираҳмад бинни Шоҳмуҳаммад ном касест, ин китобро ба Амир Хисрави Деҳлавӣ нисбат медиҳад ва дар як ҷои муқаддима дар бораи сабаби таълиф мегӯяд (мазмунан): «Дар вақти бемории Шайх Низомиддин Амир Хисрави Деҳлавӣ ин қиссаҳоро зеби рақам карда (таълиф намуда), дар ҳузури шайх хонд ва шайх ба баракати хондани ин китоб аз беморӣ сиҳат ёфт».
Ин китоб бори дуюм дар соли 1318 ҳиҷрӣ (1900) дар Бамбай дар матбааи Муҳаммадӣ чоп шудааст. Дар ин чоп «Бахтиёрнома» ном як қиссаи дигар ҳам ба тарзе, ки қиссаҳои гузаштаро пурра кунад, илова карда шудааст. Дар варақаи унвони ин чоп номи китоб ва муаллиф ба ин тариқа қайд карда шудааст: «...Боғу баҳор мабнӣ бар саргузашти Чор дарвеш маа такмилаи Бахтиёрнома мавсум ба Баҳору боғ таълифи ҳазрати Амир Хисрави Деҳлавӣ».
Дар чопи дуюм ҳам ҳамон муқаддимаи чопи якум айнан нақл ёфтааст.
Хонандагони он муқаддима ва бинандагони унвони чопи дуюми ин китоб, аз ҷумлаи асарҳои Хисрави Деҳлавӣ будани «Чор дарвеш»-ро бе ҳеҷ шакку шубҳа бовар мекунанд.
Аммо касе, ки ин китобро бо муҳокима ва диққати дуруст хонда мебарояд, мефаҳмад, ки ин асар ба Хисрави Деҳлавӣ ҳеҷ як алоқа надорад. Чунки муаллифи ин қиссаҳо дар рафти воқеаҳо шеърҳои машҳури Ҳофизи Шерозиро (баъзеҳояшро бо тахаллуси Ҳофиз), якчанд байт аз тарҷеъбанди Абдураҳмони Ҷомиро, ки сарбандаш «Биншинаму бо ғами ту созам, Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам» мебошад ва инчунин шеърҳои Урфии Шерозӣ, Шопури Теҳронии Ҳиндустонӣ, Муҳсини Фонии Кашмирӣ ва Ғайратӣ барин шоиронро, ки баъд аз замони Хисрав дар дунё зиндагӣ кардаанд, меорад.
Акнун мо барои равшантар муҳокима кардани масъала замони ин шоиронро бо замони Хисрави Деҳлавӣ андоза намуда мебинем.
Ба мо маълум аст, ки Хисрави Деҳлавӣ дар соли 1329 вафот кардааст. Аммо Ҳофизи Шерозӣ дар соли 1392, Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 1493, Урфии Шерозӣ дар соли 1591, Шопур дар соли 1649 ва Мӯҳсини Фонии Кашмирӣ дар соли 1671 вафот кардааст. Ғайратӣ бошад аз шоирони давраи Муҳаммадшоҳи Темурӣ аст, ки ин шахс дар Деҳлӣ аз соли 1718 то соли 1747 ҳукумат рондааст.
Аз ин ҳисоб ва андозаҳо ошкоро маълум мешавад, ки замони Хисрави Деҳлавӣ нисбат ба замони Ҳофизи Шерозӣ, ки қадимтарин шоирони дар ин ҷо номбаршуда мебошад, 70 сол пеш буда, аз замони Ғайратӣ, ки охирини ин шоирон аст, 400 сол пеш аст.
Агар «Чор дарвеш» асари Хисрави Деҳлавӣ мебуд, лозим меомад, ки ӯ дар таълифи худ аз шеъри шоироне, ки ҳатто баъд аз чорсад соли вафоти худаш зиндагӣ кардаанд, фоида бурда бошад. Ин, як фарази хандаовар мешуд.
Бинобар ин аз ин ҳуҷҷатҳои инкоркарданошудани бо камоли равшанӣ собит мешавад, ки «Чор дарвеш» асари Хисрави Деҳлавӣ нест.
Акнун дар ин ҷо дар хотири ҳар кас мегузарад, ки «пас ин асар аз они кист ва дар кадом вақт таълиф ёфтааст?».
Мо дар ин ҷо ана ҳамин масъаларо ҳал мекунем:
Аз услуби суханронӣ ва приёмҳои ин асар, ҳам аз мундариҷоташ, ки қисман аз ҳокимияти мутлақаи деву парӣ дар олами башарият гап мезанад, маълум мешавад, ки ин қиссаҳо афсонаҳои халқҳои қадимии Ҳиндустонанд. Аз ҷумлаи афсонаҳои қадимии Ҳиндустон будани ин қиссаҳоро аз як ҷои муқаддимаи нусхаҳои чопи Ҳиндустон ҳам пай бурдан мумкин аст: муқаддиманависи он нусхаҳо дар як ҷои муқаддимаи худ, бо нусхаи ӯрду тарҷума карда шудагии татбиқ карда шудани нусхаи ба чопӣ тайёркардаи худро қайд мекунад. Маълум аст, ки афсонаҳои қадимии Ҳиндустон дар навбати аввал ба забони ӯрду навишта шуда, баъд аз он ба забони тоҷикӣ бо алифбои арабӣ нақл ёфтаанд (афсонаҳои таърихӣ ва дигарҳо, ки соҳиби «Сиярулмутааххирин» дар муқаддимаи китоби худ овардааст, ба ин аҳвол мисол шуда метавонанд).
Аммо аз баъзе иштироккунандагони ин воқеаҳо, аз тасвири баъзе ҷоҳо ва маишатҳо ва ҳам аз оварда шудани шеърҳои баъзе шоирони асри XVIII (масалан Ғайратӣ) дар рафти воқеаҳо тахмин кардан мумкин аст, ки ягон муаллифи номаълум ё ягон муаллифе, ки маълум кардани номи худро нахостааст, он афсонаҳоро бо таассуроте, ки аз замони худаш гирифтааст, омехта дар охирҳои асри XVIII, ё дар аввалҳои асри XIX ба қалам гирифта, ба шакли ҳозираи «Чор дарвеш» овардааст.
Дар рафти воқеаҳои ин китоб баъзе шаҳрҳои фарангиён, ки дар Ҳиндустон (дар наздикии Вазиробод) дар бандари дарё бино ёфтаанд, монастирҳое, ки дар ин шаҳрҳо ҳастанд, одоби муошарати европагӣ (масалан ба пеши калонон сарбараҳна рафтани духтарони фарангӣ) ва дар бандар тӯп зада киштиро аз сафар боздоштан ва монандӣ инҳо чизҳое тасвир меёбанд, ки то истилои колонизаторҳои европагӣ дар Ҳиндустон ин чизҳо набуданд.
Аз баъзе ҷоҳои ин қиссаҳо ҳамин ҳам маълум мешавад, ки ин асар баъд аз пайдо шудани фикрҳои пешқадам дар халқҳои маҳаллии Ҳиндустон навишта шудааст. Чунончӣ: дар як ҷои ин китоб модари бараҳманон ба муносибате аз марди аҷамӣ мепурсад: «Магар шумо занони худро пинҳон медоред?». Марди аҷамӣ ҷавоб медиҳад: «Бале, ин айбро мо дорем». Модари бараҳманон мегӯяд: «Ин хуб қоида нест».
Ана ҳамин ин нуқтаҳо бо камоли равшанӣ нишон медиҳанд, ки ин қиссаҳо дар замонҳои наздик ба мо, дар таърихҳое, ки мо дар боло тахмин карда қайд намудем, — дар солҳое, ки Ҳиндустон аз тарафи колонизаторҳои европагӣ истило ёфтааст, ба қалам оварда шудаанд. Акнун дар ин ҷо як саволи дигар дар хотири ҳар кас мегузарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё