Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Гирифт. Рафта истода буд, ки аз пешаш як дев баромад. Дев ҳама ҷои бобои тарсандаро як-як лехӣ монда, якбора чашмаш ба хати асои ӯ талтид. Хатро хонда, «ҳафтоду панҷ бало кушта бошад, одами зӯр будааст» гуфта, сахт тарсид.
Бобои тарсанда бошад, аз тарс барги бед барин меларзид.
Ту кӣ? — пурсид дев.
Ман паҳлавони балокуш, — гуфт бобои тарсанда.
Агар ту паҳлавон бошӣ, як дандонатро канда нишон деҳ, — гуфт дев.
Аввал ту кан, ман бинам, — гуфт бобои тарсанда.
Дев зӯр зада, як дандонашро канда, ба пеши бобои тарсанда партофт, ки дандони хар барин буд. Бобои тарсанда як дасташро ба бағалаш бурду дандонашро дошту зӯр зад ва як дасти дигарашро ба бағалаш андохта оҳани ҷуфтро бароварда ба назди дев партофт. Дев ба воҳима афтода гуфт:
— Як тори мӯйи таги кашатро канда парто-чӣ?
Бобои тарсанда гуфт:
— Аввал ту кан!
Дев як тори мӯйи таги кашаро канд. Бобои тарсанда дид, ки як тори мӯйи думи хар барин. Вай даст ба бағал бурда, думи харро бароварда, ба тарафи дев партофт. Дев инро дида боз би-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё