Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Ман гӯш накарданд, шумо рафта бозии онҳоро вайрон кунед! — гуфт хомӯшак.
Хуб шудааст, то сухани дӯст шикастана гардани шайтон шиканад, — гуфта шамол чангу гирдоб хезонда, ҳувваскунон ба назди бачаҳо омаду онҳоро титу парешон кард.
Бачаҳо тарсида, ба сари саг давиданд. Саг рафта ба гурба дарафтод. Гурба рафта ба муш ҳуҷум кард. Муш рафта ба пилтай камони сайёд дандон зад. Сайёд камонашро гирифта, ба бошишгоҳи гург тохт. Гург рафта бузро хӯрдани шуд. Буз аз тарс хори пойи хомӯшакро гирифта хӯрд.
Бо ҳамин хомӯшак аз хор халос шуду ба муроду мақсадаш расид.
БОБОИ ТАРСАНДА
Буд, набуд, як бобои тарсанда буд. Вай ҳамин қадар тарсончак буд, ки рӯзона аз хона берун намебаромад. Зани вай аз ин хел шавҳар безор шуд, ду шабу ду рӯз хӯрок надод. Рӯзи сеюм чалпак пухту ба лаганд бардошта, ба беруни ҳавлӣ бароварда монд. Бобои тарсанда аз гуруснагӣ аз ҳолат рафта буд, маҷбур шуда буд, ки аз хона барояд. Тохта баромаду лагандро гирифта, ба хона даровардани шуд. Вале занаш баробари аз дари хона берун шудани шавҳараш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё