Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Девона пурсид:
– Эй духтари хола, барои чӣ беаҳдӣ кардӣ, ба писари қозӣ расидани шудӣ?
Давлатхотун аввал гиря карду баъд гуфт:
Гар ёри манӣ, биё ба ман ёрӣ кун,
Маро мебаран, ту гиряву зорӣ кун.
Маро мебаран, ҷои дигар мефрӯшан.
Гар дил дорӣ, ҷонма харидорӣ кун.
– Писари хола, – гуфт ӯ бо назари илтиҷо ба рӯи Ҳусайнӣ нигоҳ карда, – илоҷе куну ҷонамро халос кун.
Девона гуфт:
– Эй духтари хола, гуруснаам, чанд шабу рӯз аст, ки чизе ба даҳан нагирифтаам.
Давлатхотун ин тараф, он тарафро кофт, ҳеҷ чизи хӯрдани наёфт.
– Ҳеҷ чиз нест, – гуфт ӯ, – гандумбирёнат кунам?
– Ҳар чи мекунӣ, бикун, ки бисёр гуруснаам! – илтимос кард Ҳусайнӣ.
Давлатхотун хеста, дегро монда, олав гиронд, ба дег гандум андохта кофтан гирифт. Дар дами олав рухсораҳои ӯ суп-сурх шуда барқ заданд. Девона парида аз ҷояш хесту аз рухсораи тафсони ӯ як бӯса гирифт. Давлатхотун дар қаҳр шуда, ӯро тела дод. Пои Девона ба дег расида рафт. Дег

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё