Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Баъд вай хеста хоб кардани рафт.
Давлатхотун тори кандашударо баста, боз ба танидани карбос машғул шуд. Ҳамин вақт Ҳусайнӣ наздиктар омаду боз як байт гуфт:
Давлатхотун гулдаста дар майдон аст.
Карбос метанад, синаякаш бирён аст.
Гуфтам, биравам, ҷона кунам қурбонаш,
Гулдастаи мо моил ба дигарон аст.
Давлатхотун карбосро партофта, хеста ба пешвози холабачааш рафту гуфт:
Аз роҳаки дур монда шудааст пои шумо,
Пора бишудаст пошнаи кафшҳои шумо.
Мо медонем, омадаед пешаки мо,
Мо сурма кашем, хоки қадамҳои шумо.
Давлатхотун ҳамин рубоиро хонду ба хона даромад. Девонаҳусайнӣ аз қафои ӯ тохт, аз доманаш дошт. Вай он тараф кашид, ӯ ин тараф, куртаи Давлатхотун дарид. Девона истоду як байт гуфт:
Оҳу ба сари кӯҳ гули лола чарид,
Ин куртаи ёр чун гули лола дарид.
Мардум гӯянд: «Куртаи ёр аз чӣ дарид?»
Ҷонона кашиду мо кашидему, дарид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё