Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Хомӯшак ва ба як деҳаи вайрона рафту болои девор нишаста:
— Муш-бобо, муш-бобо! — гуфта чеғ зад.
— Ҳӯ, лаббай! — гӯён муш мӯйлабро тоб дода аз хонааш баромад.
— Пилтаи камони сайёдро пора кунед! Вай ноинсоф гурги дуздро напарронд, — гуфта хомӯшак ҳиқ-ҳиқ гиря кард.
— Хомӯшак, маро азоб надеҳ. Ман мавизу чормагзу қанду қандалоти мардумро монда, ба як пилtai бемазаи камони сайёд даҳон мезанам? — гуфт муш.
— Ту дузд, ҳоло нигоҳ карда ист! То рафта ба гурба-бобоям хабар накашам, намемонам, гуфта хомӯшак гирёну нолон ба як ҳавлӣ омаду ба шоҳи дарахти тут нишаст.
— Гурба-бобо, гурбабобо, ҳӯ, гурба-бобо! — гуфта овоз баровард.
— Кӣ вай, ба ман чӣ кори ҳаст? — чашмашро молида-молида гурба аз хонааш баромад.
— Мири мушонро дошта хӯред, ба гапи ман гӯш накард, — гуфт хомӯшак.
— Эй нодон, думбаи гӯсфанду гӯшти лаҳмро монда, аз паи муши бӯйноқ овора шуда чӣ кор мекунам? Рав, аз назарам дур шав! — гӯён гурба хомӯшакро аз ҳавлиаш пеш кард.
— Ту ҳоло нигоҳ карда ист! Ҷои туро ба саг-бобом гуфта, танбеҳатро надиҳам, намемонам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё