Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан
  • Хола қурбоққа, ҳо, холақурбоққа, нонро тезтар пазед, ки шавҳарам ҳозир гушна монда меояд.

  • Қур-қур, - кард қурбоққа.

  • Ҳа, тезтар пазед! - гуфт духтар.

Мард дар воқеъ гурусна монда омада дид, ки на танӯр тасфидагию на нон пухтагӣ. Ҳайрон шуда пурсид:

  • Канӣ нони гармат?

  • Ҳозир холақурбоққа пухта медиҳад! - гуфт духтар.

  • Кадом холақурбоққа?

  • Ҳамон холақурбоққа, ки дар чоҳ зиндагӣ мекунад, - гуфт духтар. Мард рафта ба чоҳ нигоҳ кард, ки нонҳои рост кардагӣ дар қаъри чоҳ чаппаю каҷу килеб шуда хобидаанд.

  • Эҳ, ман туро аз аппаҳоят баақлтар гӯям, ту аз онҳо беақлтар будай, - гуфту духтарро аз ҳавлӣ бароварда пеш кард.

Духтар куҷо рафтанашро надониста, рафт-рафт, ба як дашт расиду дар канори дашт гиря карда нишаст. Аз куҷое як акка ких-ких садо бароварда, парида омада, ба наздаш нишаст.

  • Ҳа, мурғаки ких-ких, туро шавҳарам фиристод? - гуфта пурсид. Акка боз ких-ких садо баровард.
  • Чӣ, шавҳарам мехоҳад, ки ман баргардаму бо вай оштӣ кунам? - пурсид духтар.

Акка боз ких-ких гуфт.

пешина
аз 161
навбатӣ