Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

ХОЛАИ ГАРДАНДАРОЗ

Буд, набуд, як марди содае буд. Безан буд ин марди сода. Зан, ки надошт, худаш ҳам хӯрок мепухту ҷомашӯӣ мекарду ҳавлӣ мерӯфту ҷоғаҳ андохта, ҷоғаҳ меғундошт. Як рӯз курта шуста, ба тор партофт. Курта акнун хушк шуда буд, ки шамоли сахте хесту паронда ба рӯи ҳавлии ҳамсоя бурд. Ҳамсоя камбағал буд, дар бисоташ ғайр аз се духтар чизи дигар надошт. Камбағал, ки буд, куртаро диду «худо дод» гуфта, гирифта пӯшид.

Ҳамсоямард ба ҳавлиаш баргашта дид, ки куртааш нест. Ба чор тараф чашм андохт, ба бом баромад, аз бом ба ҳавлии ҳамсоя нигоҳ карда, куртаро дар тани ҳамсоя дид.

— Дар тани шумо куртаи ман, кашида ба ман диҳед! — гуфт. Ҳамсоя илтиҷо карда гуфт:

— Эй балои ҷонатонро гирам, ҳамин куртаро нагиред, духтари калониамро ба шумо медиҳам.

Марди сода розӣ шуда, духтарро ба хонааш овард. Пагоҳӣ хесту:

— Мана ин равған, ана биринҷ, пиёз, сабзӣ, намак, ош паз, — гуфт, — ман аз паи корам меравам, гашта, ки омадам, ҳамроҳ мехӯрем.

Духтар гӯштро гирифта шустанӣ буд, ки саге ак-аккунон пешаш омад, гӯштро пеши саг партофт, саг шодикунон гирифта рафт.

пешина
аз 161
навбатӣ