Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Ва ҳамин тараф ду саги тозӣ омада истодааст, намедонам, ки сӯи мо меояд, ё тарафи дигар мерафта бошад.
Рӯбоҳ гуфт:
Ин сагҳо ҳам дар анҷуман набуданд ва аз қарори нав бехабаранд.
Инро гуфту рӯбоҳ ба шитоб гурехт.
Хурӯс гуфт:
Падарлаънати дузд, ман набошам, сагҳо набошанд, дигарҳо набошанд, ту ҳамроҳи занат анҷуман кардӣ?
Рӯбоҳ гурехта рафт, ҷони хурӯс аз хатар халос шуд.
ХОМӮШАКИ ХОР ДАР ПОЙ
Буд, набуд, як хомӯшаки думдарозу пойборик буд. Вай як рӯз дар боғ сайр карда, ба болои буттаи як хор нишаст. Нишасту мепарам, гуфта буд, ки ба пояш хор халид. Хомӯшак чӣ кор карданашро надониста, гирён-гирён рафтан гирифт. Аз пемаш як буз баромад. Хомӯшак ба буз зорӣ карда гуфт:
— Буз-амак, буз-амак, ҳамин хори пои маро хӯред, ҷонам халос шавад!
— Аҷаб ту каллаварами ҳафтафаҳм будай! Ман алафаки каб-кабудро монда, хор мехӯрам? – гуфт буз бо қаҳр ва ба роҳи худ рафт.
— Ту ҳоло нигоҳ карда ист! Ман то дар бораи ту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё