Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

над, ба ҳамон кас мерасад, агар натавонад, ӯро ғулом карда мегирад.

Бисёр ҷавонҳои нозанин ба саволҳои Маликаподшоҳ ҷавоб дода натавониста, ба ӯ ғулом шуда буданду фахр мекарданд, ки онҳо ғуломи Маликаподшоҳ ҳастанд.

Маслиҳати вазирон ба дили подшоҳ алав андохт. Вай ба хонаи оҳангар хостгор фиристода, бо зӯрӣ духтари оҳангарро никоҳ карда гирифту ба духтар гуфт:

– Ту чӣ қадар ақле дошта бошӣ ҳам, лоиқи ман нестӣ. Туро барои он гирифтам, ки Маликаподшоҳро ба занӣ гирифта, туро ба ӯ канизаки дастобрез карда мемонам.

– Ин хаёлро аз саратон дур кунед, – гуфт духтар, Маликаподшоҳро гирифтан осон не. Ҳазор-ҳазор шумоён баринҳо ғуломи дари ӯ шуда гаштааст.

Подшоҳ дар ғазаб шуда:

– Ман ба ту нишон медиҳам! – гуфту донишмандону пирони хирадмандро ҳамроҳ гирифта ба мулки Маликаподшоҳ равон шуд. Рафт, саволҳои Маликаподшоҳро шунид, ҳарчанд бо донишмандону пиронаш маслиҳат кард, ҷавоб гардонда натавонист.

Ӯро ғулом карда, ба ҷувозкашӣ андохтанд. Ду-се рӯз нагузашта, подшоҳро мазааш рафту хат кард, ки вазирон, агар шишта бошетон, хезетон,

пешина
аз 161
навбатӣ