Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Рамада рафтанд. Рӯз шуд, подшоҳ хеста гуфт:
— Имрӯз мӯҳлати азои Водарег тамоми шуд, рафта вайро биёред, — никоҳ мекунем!

Хизматгорҳои подшоҳ рафтанд, ки Водарег нест. Омада хабар доданд, ки ду асп ҳам нест. Подшоҳ фаҳмид, ки гурехтааст, аз пушташ лашкар равон кард. Водарег ҳамроҳи шавҳараш ба ҷанг даромад. Подшоҳ ҳафт маротиба лашкар фиристод, ҳафт маротиба ҳамаи онҳоро аз дами теғ гузарониданд.

Баъд ҳар дуяшон асп давонда ба ватани вазирбача омада диданд, ки падару модари ӯ дар фироқи фарзандашон кӯр шудаанд. Водарег рӯймолчаашро бароварда, дасту рӯйи падару модари вазирбачаро пок карда буд, ки чашмонашон аспи қадим барин кушода шуд. Баъд тамоми шаҳрро оинабандӣ карда, фармон доданд:
— Чил рӯз тамоми халқ дар хонааш хӯрок напахта, аз хонаи вазир омада тӯй хӯрад.

Онҳо чил рӯз ба халқ тӯй доданду хушу хурсанд зиндагонӣ карда гаштанд. Шумо ҳам хушу хурсанд бошеду ҳеҷ вақт рӯи ғамро набинед.

пешина
аз 161