Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Духтариро ба писари вазир дод. Чил шабу чил девҳо зинда шуда, ба ҷанг даромаданд. Ҳамин хел то бевақтии шаб ҷанг давом кард. Бисёри девҳо зинда монданд.
Саҳар Водареғ аз хобаш хесту боз бо девҳо ҷанг сар кард, акнун ҳамаи девҳоро яктоқӣ зада рафтан гирифт. Девҳо гуфтанд:
— Боз яктои дигар зан, ки ҷонамон якбора барояд!
Водареғ гуфт:
— Кӯр асояшро як бор гум мекунад.
Водареғ ҳамаи девҳоро нобуд карда, Райҳонбибиро бо ҳамаи хазинаю дафинаи дев ба як сандуқи калон андохта, ба каманд баст, вазирбача инҳоро кашида гирифту хаёл кард, ки ин сандуқро бо чизу чорааш гирифта раваду сиёҳпӯшро аз чоҳ накашад, бою бадавлат шуда меравад. Боз худ ба худ гуфт: «Эй вазирбача, ба ҳамин дунё омада якто ҷӯраи ҳақиқӣ пайдо кардӣ, барои соли дунё шуда, ҳамин хел ҷӯраро партофта рафтан магар аз рӯи инсофу мардӣ аст?» Ҳаминро гуфту камандро партофта Водареғро кашида гирифт.
Водареғ баромада, калиди сандуқро ба вазирбача доду гуфт:
— Ҳар чизе, ки дар сандуқ ҳаст, аз они ту!
Баъд ҳамаашон ба роҳ даромаданд, ба назди-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё