Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Фурӯхти чизеву молеро манъ карда бошад. Ҳайронам мекунад одати подшоҳи ин мамлакат. Ин подшоҳ ё ақл надорад, ё золим аст. Вай намефаҳмад, ки агар мард ҳамеша дар тараддуд бошад, илоҷи ризқу рӯзиашро меёбад. Мана подшоҳ ҳезумфурӯширо манъ кард марҳамати парвардигори олам ҳадду канор надорад, доманаҳои кӯҳ алафзор, мавҷ мезанад, ба дару наш дарой, алаф то миёнат мерасад, медаравӣ бӯйи алаф мастат мекунад. Алаф даравида, банд баста, оварда фурӯхтам, фоидааш — як палави нозанин шуд, бо ҳам хӯрдем.

Беақлу золим гуфтанҳои Ҳасанак подшоҳро ба ғазаб овард, вале ӯ худро нигоҳ дошта, фикр кард, ки хайр агар ман беақл бошам, ё золим, ба ин марди гарданшах чӣ будани подшоҳиро нишон медиҳам. Ҳамин хел фикр карду гуфт:

— Хайр, подшоҳ агар алаффӯрӯширо ҳам манъ кунад, чӣ мекунӣ?

— Чӣ кор мекунам? Саҳро пур аз буттаҳои ҷорӯбак, ҷорӯб мебандаму оварда мефурӯшам.

— Хайр, подшоҳ агар ҷорӯбфурӯширо манъ кунад — чӣ? — боз пурсид подшоҳ.

— Шумо аҷаб одами сода будаед, — гуфт Ҳасанак, — боз ягон роҳи зиндагӣ ёфт мешавад, ғами ҳаминро хӯрда мешинед?

Подшоҳ фикр кард, ки Ҳасанак дигар ҷавобе гуфта наметавонад, дар дилаш хурсанд шуд, ки

пешина
аз 161
навбатӣ