Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Дар он рате, ки мардум чизе надоранд бипазанду бихӯранд, дар кӯчаву бозор фурӯхтани ҳезум манъ аст. Ҳар кӣ аз фармони подшоҳамон сар бипечад, ба зиндон кашида мешавад.
Подшоҳ бегоҳии рӯзи дигар боз либос иваз карда, ба сӯйи бошишгоҳи Ҳасанак роҳ пеш гирифт. Ин бор ҳам аз ҳавлии вайрона бӯи оши палав ба машомаш расиду аз он бӯи хуш ҳаловат бурда, ба ҳавлӣ дохил шуд.
— Марҳамат, марҳамат, меҳмони азиз, — гуфта истиқбол кард ӯро Ҳасанак ва подшоҳро ба сари дастархон таклиф намуда, як табақ палав оварда, миёни дастархон монд, ки буғаш ба ҳаво мепечид.
Баъде ки палавро хӯрданду Ҳасанак дастархон ғундошта, дутор ба даст гирифт, подшоҳ аз ӯ пурсид:
— Эй ҷавон, ба гӯши худ шунидам, ки подшоҳ ҷарчӣ андохта, ҳезумфурӯширо манъ кард, гумон кардам, ки ту дигар ҳезум оварда, фурӯхта натавониставу музде ба даст наоварда, гуруснаву беҳол нишастаӣ, лекин мебинам, ки на гурусна ҳастию на беҳол, вақтат чоқ, ин дафъа бо чӣ роҳ пул ёфтӣ?
Ҳасанак гуфт:
— Бисёр гаштам ман дар рӯйи олам, вале дар шаҳре, мамлакате надидаам, ки ҳокиме ё подшоҳе ба фуқарои худ касбу коре ё хариду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё