Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа
— Он ҷо пури хасу хокрӯба буд, — гуфтам ман, — шиша буданашро аз куҷо донам.
— Худат ноӯҳдабаро! — ба болои сӯхта намакоб пошид Абдулло.
— Ба ин азоб маро худат гирифтор кардию боз гап мезанӣ! — оташин шудам ман ва себҳоро аз кисаам бароварда бо ҷаҳл ба оби чӯй партофтам.
— Ман гунаҳкор будаам... Э, моне, — Абдулло даст афшонда ба хонаашон рафт.
Ман лангон-лангон ба хона омадам. Модарам дар болои кат ҳамроҳи ҳамсоязанҳо гап зада менишаст. Дар байни онҳо Анбархоларо дида, дарди поямро боз ҳам сахтар ҳис кардам. Хун якзайл мешорид.
Модарам поямро дида, ранги рӯяш канд ва паи ҳам:
— Чӣ гап шуд? Поятро чӣ бурид? — саволборон кард.
— Дар кӯча шишапора бурид, — дурӯғ гуфтам.
— Чашмат куҷо буд? — гӯён модарам аввал хап ҷанг кард, баъд сиёҳии дегро оварда, ба ҷароҳатам пахш намуд, то ки роҳи хунро бандад.
Анбархола аз воқеа бохабар шуда:
— Ба хаёлам, дар хонаашон йод буд. Ҳозир гирифта меоям, — гӯён аз ҷой бархосту ба тарафи дари кӯча рафт. Дере нагузашта ӯ йод овард ва ба ҷароҳати поям молида баста монд.
Падарам ҳам аз кор омада маро ҷанг кард. Аз дарди пой ҳамон шаб то дер хобам набурд.
Пагоҳӣ аз хоб хезам, ки падарам аллакай наҳорӣ карда ба саҳро рафтааст. Модарам чой нӯшида менишаст. Ӯ поямро кушода дида гуфт, ки баъди ношитой ба духтур равам.
Ба ҳавлӣ Абдулло даромада омад. Димоғаш сӯхтагӣ буд. Ба назарам, аз кори дирӯзаамон вай ҳам пушаймон буд. Абдулло бо сари хам ба паҳлӯям нишаста:
— Поят дард мекунад? — пурсид.
— Роҳ гардам, дард мекунад, — ҷавоб додам ман, — ҳозир ба духтур меравам.
Ҳамин вақт як лаълича раҳсеб гирифта Анбархола омад. Модарам себро дида:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё