Зеҳн
Панди бобо (Ғанӣ Ҷӯразода)

Китоб дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои тарбиявӣ ва панҷомӯзӣ мебошад, ки ба хонандагон оид ба арзишҳои ахлоқӣ ва ростию накӯкорӣ маслиҳат медиҳанд. Асар аз ҳаёти мардум ва воқеаҳои таърихӣ нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 77 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

Ӯ чизе нагуфта ба атроф чашм дӯхт. Баъди сонияе гуфт:

  • Як чиз гӯям, ҳа мегӯӣ?
  • Чӣ? - пурсидам ман.
  • Себ мехӯрӣ?
  • Себ ҳоло напухтааст-ку?
  • Рахсеб пухтагӣ.
  • Дар куҷо? - пурсидам ман.
  • Дар боғи Анбархола, - гуфт Абдулло. - Оҳиста ба боғ медароем.
  • Анбархола дида монад-чӣ?
  • Дида монад мегурезем.
    Анбархола дар маҳаллаи мо зиндагонӣ мекард. Боғи ӯ сари роҳи калон воқеъ гардида, атрофашро девори похса печонда буд.

Абдулло аз болои девор сарашро бароварда, боғро аз назар гузаронд. Ман дар мобайни роҳ истода атрофро дидбонӣ мекардам. «Ҳеҷ кас нест, биё», - гуфт Абдулло ва аз девор фуромада ба боғ даромад. Ман ҳам аз паси ӯ рафтам. Рахсебҳо ранг оварда буданд. Ҳар ду ба дарахт баромада, кисаҳои шимамонро аз себ пур кардему зуд ба ақиб гаштем. Тӯппиам бошад, ба навдаи биҳӣ дармонда, ба он тарафи девор афтид. «Чӣ бояд кард?» - бо тарсу ларз фикр кардам зуд.

  • Чӣ шуд? - пурсид Абдулло.

  • Тӯппиам афтид, - гуфтам ва аз саросемагӣ гаранг шуда мондам.

  • Ман нигоҳ карда меистам, - гуфт Абдулло, - аз девор гузашта, тӯппиатро тез гирифта биё. Баро, тезтар.
    Ман як ҳаллос зада болои девор баромадам ва худро гурсӣ ба замин партофтам. Ҳамин вақт ҳодисае рӯй дод, ки мо онро ҳаргиз чашмдор набудем. Ба пошнаи пои ростам чизе халида чунон сахт дард кард, ки оби чашмонам баромад. Ба дарди поям нигоҳ накарда, тӯппиамро гирифтаму зуд ба девор баромадам. Бинам, ки аз пошнаи поям хун мешорад.

  • Аз афташ, поятро шиша буридааст, - гуфт Абдулло, - ба таги поят нигоҳ кунӣ, намешавад? Хуб гаранг ҳастӣ, Қобил!

пешина
аз 77
навбатӣ